Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Австралия дар интихобот ширкат кардан мехоҳанд, вале...


Шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Фирдавс аз шаҳри Сиднейи Австралия бо ирсоли номае ба Радиои Озодӣ пурсид, ки оё тоҷикони муқими Австралия ягон имконе доранд, ки дар интихоботи Маҷлиси Намоядагон раъй диҳанд. Ба ин суол раиси дафтари матбуотии Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманнонов чунин ҷавоб дод: "Иштирок карда наметавонанд, зеро мо дар он ҷо қитъаи интихоботӣ дуруст карда наметавонем, сафорат надорем."

Шояд посухи сухангӯи Комиссияи марказии интихобот Фирдавс аз Австралия ва садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан ҷавононро, ки тавассути шабакаи Интернет бо Радиои Озодӣ дар тамос ҳастанд, қаноатманд кунад. Аммо нозирони байналмилалии интихоботи порлумонии Тоҷикистон доир ба тарзи баргузории интихобот дар хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон чӣ назар доранд?

Питер Айкер - раиси гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон: "Ба назари ман раванди раъйгирӣ хориҷ аз кишвар он қадар возеҳу шаффоф нест. Мо ин мавзӯро бо Комиссияи марказии интихобот дар миён гузоштем. Онҳо мегӯянд, ки имкон барои ҳама фароҳам хоҳад шуд, то раъй бидиҳанд. Дар мавриди ин ки ин афрод чӣ гуна сабти ном шудаанд, оё онҳо метавонанд дар ватан сабти ном кунанд ва ё дар кишварҳои дигар, шумориши оро чӣ гуна дақиқ сурат мегирад ва чӣ гуна ин раъйҳо дар шумориши умумӣ шомил мешаванд, дар ин масоил ба андозае, ки мехоҳем, меъёри шаффоферо надидаем."

Яке аз қитъаҳои интихоботӣ дар шаҳри Брусел дар бинои сафорати Тоҷикистон аст. Сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса Шариф Раҳимов мегӯяд, онҳо дастурҳои лозимаи интихоботро аз вазорати умури хориҷӣ гирифта, дар сафорат гӯшаи махсусеро барои ошноӣ бо рафти интихобот ташкил кардаанд: "Мо ҳамаи чизи заруриро таҳия кардем, то раъйдиҳандагоне, ки ба сафорати Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия меоянд, бо барномаҳои аҳзоб ва номзадҳо ошно шаванд ва ба номзади дилхоҳи худ раъй диҳанд."

Шариф Раҳимов гуфт, шумори раъйдиҳандагоне, ки бояд дар ин сафорат раъй диҳанд, чандон зиёд нест. Инҳо кормандони сафорат, муҳассилини тоҷик дар Фаронса ва Белгия ва ҳамчунин чанд нафар тоҷики муқими Ҳолланд мебошанд. Дар сӯҳбат бо Латифи Латифӣ хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк масъулони сафорати Тоҷикистон дар Созмони Милал гуфтанд, онҳо низ барои раъйдиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Амрико ҳастанд, шароитро фароҳам кардаанд.

Мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, ҳар нафар шаҳрванди кишвар, ки рӯзи интихобот дар хориҷ аст ва мехоҳад вакили интихобиашро дар порлумон бубинад, бояд сарфи назар аз хароҷот дар наздиктарин ҳавзаи хориҷии интихоботи Маҷлиси Намояндагон раъй диҳад.

Шояд дар интихоботи кунунии Маҷлиси Намояндагон ҳар ҳизбу ҳар довталаб имкони воқеъӣ ва пуштибонҳои эҳтимолиашонро ҳисобу китоб кардаанд ва ё имкони молии ташкили назорати раъйдиҳиро надоранд. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, ки овозҳои берунмарзӣ дар ин марҳила нақши муҳиме надоранд. Вале дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба мисли Украина ин овозҳо метавонанд, сарнавишти интихоботро ҳал кунанд ва он норӯшаниҳое, ки ёд шуданд, метавонанд, дар интихоботи президентии соли 2006-ум баҳсҳои зиёд ба бор оваранд.
XS
SM
MD
LG