Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии бист ҳазор нозири маҳаллӣ ба интихобот


Ҷиҳати назорати ҷараёни интихоботи порлумони рӯзи 27 феврал ҳудуди бист ҳазор нозир аз шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ҷалб хоҳад шуд. Алишер Сафаров - ҳуқуқшиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, бар асоси Қонуни интихобот аҳзоби сиёсӣ муваззафанд, феҳристи асомии нозирони худро бо зикри макони зист ба комиссияҳои ҳавзавӣ на дертар аз даҳ рӯзи қабл аз баргузории интихобот ироа доранд. Бештари нозирон аз аҳзоби сиёсии кишвар ба Ҳизби Халқӣ-Демократии таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Мӯсо Асозода - раҳбари дастгоҳи ин ҳизб гуфт, дар куллия қитъаҳои раъйдиҳӣ нозирони онҳо раванди интихоботро назорат хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулини се ҳизби узви Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократӣ гуфтанд, танҳо аз ду то се ҳазор намояндаро дар назорати интихоботи парламентӣ пешниҳод кардаанд. Аҳмадуллои Маҳмуд - узви ситоди интихоботии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, дар қисмати аъзами комиссияҳои ҳавзавӣ ҳудуди се ҳазор нозир аз сӯи ин ҳизб шаффофият ва мунсифона доир шудани интихоботро назорат мекунад.

Ба ҳамин тартиб ба таъйиди масъулини Ҳизби Сотсиалист, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон барои назорати раванди интихоботи парламентии кишвар, ки дар баргузории он даҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст, аз якуним то дуввуним ҳазор нозир омода кардаанд. Алишер Сафаров - ҳуқуқшиноси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, тибқи қонун нозирони миллӣ на дертар аз панҷ рӯзи баргузории интихобот соҳиби шаҳодатнома шуда ва рӯзи интихобот бо пешниҳоди ҳамин санад дар ҳудуди ҳавзаи сабтшуда метавонанд интихоботро назорат кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG