Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон: Мубориза барои курсиҳои порлумон


ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон соли 1994 бо номи Ҳизби Халқӣ таъсис ёфт ва сиёсатмадори Абдулмаҷид Достиев он замон раиси ҳизб таъйин шуд. Ин ҳизб декабри соли 1994 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном гардид. Пас аз се сол ва баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1997 Ҳизби Халқӣ анҷумани севвуми худро баргузор кард ва дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон табдил ва раиси он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов интихоб шуд ва то кунун раҳбари он аст. Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар интихоботи нахустини порлумони касбии ин кишвар 64 дар сади курсиҳои порлумонро ба даст овард ва фраксияи он дар Маҷлиси Намояндагон 42 вакил дорад. Ҳизб имсол ба порлумон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 номзад пешниҳод кардааст ва аз роҳи инфиродӣ 42 нафар барои ворид шудан ба порлумон мубориза хоҳанд кард. Аҳдофи ҳизб ба гуфтаи муовини раиси он Давлаталӣ Давлатов бунёди ҷомеаи босуботи демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ ва дорои иқтисоди устувор аст. Тибқи иттилоъи Давлаталӣ Давлатов, шумораи аъзои ҳизб ба 100 нафар мерасад ва он дар шаҳру навоҳии кишвар 3 ҳазор созмони аввалия дорад.

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки яке дигар аз аҳзоби бонуфузи кишвар маҳсуб мешавад, дар поёни соли 1991 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ин ҳизб замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷузви асосии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини давлат буд ва дар соли 1993 фаъолияти онро вазорати адлия дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Баъди созиш кардани давлат ва нерӯҳои мухолифин ва баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 ҳукумати Тоҷикистон дубора ба нерӯҳои шомили Иттиҳоди мухолифин иҷозаи фаъолият дод ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ соли 1999 дубора дар вазорати адлия сабти ном шуд. Ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум тавонист танҳо ду намояндаи худро вориди парлумон кунад. Дар интихоботи имсола аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 нафар номзадро ба парлумон пешниҳод кардааст ва умедвор аст курсиҳои бештарро имсол аз они худ хоҳад кард. Раиси ҳизб рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Мақомоти ҳизб мегӯянд, шумораи аъзои ҳизб ба 22 ҳазор нафар мерасад ва он тақрибан дар ҳамаи навоҳии кишвар шӯъбаҳои аввалия дорад. Ҳизби Наҳзат ҳимоят аз ҳуқуқ, эътибор ва саодати инсонро аз ҳадафҳои аслии худ меномад.

ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки бо шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлол ёфтани Тоҷикистон, соли 1991 расман дар вазорати адлияи ин кишвар сабти ном шудааст. Шодӣ Шабдолов сиёсатмадори шинохта дар он замон дар анҷумани 23-уми ҳизб раиси ин созмон интихоб гардид. Шодӣ Шабдолов, ки феълан раиси фраксияи ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон аст, мегӯяд, агарчӣ низоми коммунистӣ шикаст хӯрда бошад ҳам, вале барномаи ҳизб чандон дигаргун нашудааст ва ҳадафи аслии онҳо ҳамчунон эъмори низоми сотсиалистист. Ҳизби Коммунист, ки баъди солҳои истиқлолият аъзои зиёдаш ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ пайвастанд, ҳоло 55 ҳазор аъзо дорад. Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии соли 2000-ум ва пас аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ шумораи бештари курсиҳои порлумонро соҳиб шуд. Дар интихоботи имсола Ҳизби Коммунист дар маҷмӯъ 13 номзад ба порлумон пешниҳод кардааст.

ҲИЗБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, соли 1999 бо номи Ҳизби Адолат ва Тараққиёт сабти ном шуда буд, вале поёни ҳамин сол ва қабл аз баргузории интихоботи аввалини порлумони доимоамалкунанда ва касбии Тоҷикистон дар соли 2000-ум вазорати адлия фаъолияти ҳизбро манъ кард. Муассисони Ҳизби Адолат ва Тараққиёт баъдан номи ҳизбро ба Ҳизби Сотсиал-Демократ тағйир доданд ва пас аз талошҳои тӯлонӣ муваффақ шуданд, то ҳизбро дубора дар соли 2002-ум дар вазорати адлия сабти ном кунанд. Раиси ҳизб Раҳматулло Зойиров ҳуқуқшинос ва мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури масоили ҳуқуқӣ аст. Тибқи гуфтаи ӯ, ҳизби онҳо шаш ҳазор узв ва дар 53 шаҳру навоҳии Тоҷикистон шӯъбаҳои аввалия дорад. Ҳадафҳои аслии ҳизб адолати иҷтимоӣ, ҳокимияти мардумӣ, озодии баён, волоияти қонун, мубориза бо ришвахорӣ ва риояи тааҳудоти байналмилалии Тоҷикистон аст. Ҳизб аз ҳавзаи умумиҷумҳурияӣ шаш узви худро ба порлумон пешниҳод кардааст ва раиси он Раҳматулло Зойиров мегӯяд дар сурати баргузории интихоботи шаффофу одилона онҳо имконияти соҳиб шудан ба чанд курсии парлумонро дорад.

ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, ки муассисаш сиёсатмадори шинохтаи тоҷик Сафаралӣ Кенҷаев замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби афроди номаълум кушта шуд, соли 1996 таъсис ёфта ва дар ҳамин сол расман сабти ном гаштааст. Шумораи аъзои ҳизбро 15 ҳазор нафар мегӯянд ва ҳадафи аслии онро мақомоти ҳизб беҳбуди сатҳи зиндагии сокинони кишвар ва ҳимояти ҳуқуқу озодиҳои онҳо меноманд. Дар соли 2000-ум миёни аъзои раёсати ин ҳизб моҷаро бархост ва баъд аз ин Ҳизби Сотсиалистӣ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд: ба ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев, ки то имсол раҳбари қонунии ҳизб маҳсуб мешуд ва ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров, ки онро ҷонибдори ҳукумат медонанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон расман ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохт ва танҳо ин ҷиноҳ ҳаққи ширкат дар интихоботро пайдо кард. Ҳизби Сотсиалистӣ (ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров) аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ панҷ номзадро ба порлумон пешниҳод кардааст.

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Демократи Тоҷикистон расман дар ин кишвар соли 1990 таъсис ёфт ва то замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз аҳзоби бонуфузи кишвар буд. Бо шурӯъи ин ҷанг ва сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти Ҳизби Демократ дар радифи аҳзоби дигари мухолиф мамнӯъ эълон шуд ва ин ҳизб фаъолияташро дар хориҷ аз Тоҷикистон идома дод. Бо шурӯъи музокироти сулҳ миёни Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон, Ҳизби Демократӣ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд ва яке ҷиноҳи Алма-Ато ном гирифт, дигаре ҷиноҳи Теҳрон. Ҷиноҳи Алма-Атои ҳизб, ки шомили Иттиҳоди мухолифин буд, баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон соли 1999 дар вазорати адлияи кишвар сабти ном шуд. Дар ҳамин сол Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раҳбари ширкати "Тоҷиккомунсервис" баъдан "Тоҷикгаз", раиси Ҳизби Демократ таъйин шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров соли 2003 аз мансаби хеш ба амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон барканор шуд ва ӯро дар остонаи оғози маъракаҳои интихоботӣ бо дастури Додситонии Кулли Тоҷикистон, ки ӯро дар чанд ҷиноят муттаҳам медонад, дар шаҳри Маскав боздошт карданд. Аммо Ҳизби Демократ бо вуҷуди ин муборизоти интихоботиро идома дод ва аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 4 номзад ба порлумон пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG