Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бардоштҳои Питер Айкер аз ҷараёни интихоботи Тоҷикистон


Питер Айкер, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон 18-уми феврал дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон пешрафтҳо мушоҳида мешаванд, вале ҳузури намояндагони мақомот дар ниҳодҳои интихоботӣ зиёд эҳсос мешавад, ки метавонад, мояи шубҳаву гумон дар бораи мустақилияти мақомоти интихоботӣ, ба хусус дар маҳаллҳо шавад.
Питер Айкер, ки раиси ҳайъати нозирони дафтари демократия ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикиситон низ мебошад, ҳамчунин гуфт, қонунгузории интихоботи ин кишвар тартиби раъйдиҳӣ дар воҳидҳои низомӣ ва тавассути қуттиҳои сайёрро дақиқ мушаххас накардааст ва чунин норӯшаниҳо ҳокӣ аз камбудиҳои Қонуни интихобот аст.

Раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баста шудани 4 нашрияи мустақил дар остонаи интихобот ба ҷараёни ин маърака ихлол ворид мекунад. Ба гуфтаи оқои Айкер, ду нашрияи дигари мустақил натавонистааст, дар арафаи интихобот худро сабти ном кунад. Дафтари ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон аз 28 январ амал мекунад ва то кунун дар бораи ҷараёни интихобот ду гузориш таҳия кардааст. Қарор аст, ҷараёни интихоботи порлумони Тоҷикистонро дар таърихи 27 феврал ҳудуди 200 нозир аз 16 кишвари узви САҲА назорат баранд.

Дар ҳамин ҳол, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба хабаргузории "ИТАР-ТАСС" гуфтааст, шумораи нозирони хориҷӣ дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон метавонад, беш аз 500 нафарро ташкил диҳад. Мирзоалӣ Болтуев гуфтааст, онҳо омодаанд, ҳама нозирони хоҳишманди ширкат дар интихоботи порлумони Тоҷикистонро бипазиранд ва бо ин нишон диҳанд, ки онҳо қодир ба баргузории як интихоботи мунсифонаву озод ва демократӣ ҳастанд. Бар асоси охирин омор, барои дарёфти 63 курсии ваколат дар Маҷлиси Намояндагон 226 нафар мубориза мекунанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG