Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сафири Амрико бо президенти Тоҷикистон


Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, пас аз дидораш бо президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, нозирони интихоботии амрикоӣ дар ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи порлумони Тоҷикистон, ки рӯзи 27 феврал баргузор мегардад, назорат хоҳанд бурд. Вай афзуд, охирин муроҷиатномаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо марбут ба ҳайъати Амрикоро дар робита ба интихоботи порлумони Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов супурдааст. Оқои Ҳоугленд ҳамчунин гуфт, президент Раҳмоновро дар ҷараён гузошт, ки нозирони амрикоӣ дар интихобот ширкат мекунанд, аммо шумораи аниқи онҳо ҳоло маълум нест. Тибқи иттилои Комиссияи маркази интихоботи Тоҷикистон аз тарафи сафорати Иёлоти Мутаҳида дар ин кишвар феҳрасти 24 корманди сафорат ба комиссия пешниҳод шудааст, ки ба ҳайси нозир дар интихоботи порлумони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Ба қавли сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Ҳоугленд, мавзӯи амнияти минтақа, афзоиши кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва сохтмони пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки бо сармояи Амрико бунёд мешавад, дар дидораш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мавриди гуфтӯгу қарор гирифтаст. Интизор меравад, аввалҳои тобистони соли ҷорӣ сохтмони ин пули муҳим, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, шурӯъ шавад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG