Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти хабарнигорони Қурғонтеппа дар инъикоси маъракаҳои интихоботӣ


Ба дунболи шурӯъи маъракаи таблиғотии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон нозирони байналмилалии интихобот рӯзноманигорони расонаҳои хабарии минтақаи Қурғонтеппаро дар як нишаст гирди ҳам оварда, мушкилоти аслии онҳо дар ин маъракаро баррасӣ кардаанд. Моҳшариф Қурбонзода, хабарнигори рӯзномаи мустақили «Бомдод» гуфт, дар дидор бо Ричард Дженски ва Марина Делич, нозирони Бюрои институти демократӣ ва ҳуқуқи башар, журналистони минтақа аз мушкилоти иттилорасонӣ ба мардум, фаъолияти камтаъсири расонаҳои хабарӣ дар ин маърака ва нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандагон бо иллати даст надоштан ба манобеи иттилорасонӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Хонум Қурбонзода ҳамчунин афзуд, нозирони байналмилалӣ дар мавриди он ки ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон мавқеъи фарох ва номзадҳои он имкони бештар барои вуруд ба парлумонро доранд, изҳори назар кардаанд ва гуфтаанд, ин масъала ба камтаваҷҷӯҳии мардум ва намояндагони дигар аҳзоб ҷиҳати пешбарии худ ба ҳайси номзад дар интихобот робита мегирад. Ричард Дженски ва Марина Делич, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо назорати ҳавзаҳои интихоботии минтақаи Қӯрғонтеппаи Хатлонро идома медиҳанд ва ба хабарнигорони минтақа гуфтаанд, натоиҷи назорати худро баъди баргузории интихобот иброз хоҳанд дошт.
Барот Юсуфӣ, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG