Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов вазири энержии Тоҷикистон бо таъриф аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун мегӯяд, ин нерӯгоҳ, ки дар саду даҳ километрии шарқи Душанбе воқеъ шудааст, тавоноии тавлиди 3600 мегават нерӯи барқро доро буда, иртифои сарбанди он 335 метр хоҳад буд, ки дар дунё назир надорад. Обанбори ин нерӯгоҳ 33 миллиард метрии кубӣ обро дар худ мегунҷонад. Роғун солона метавонад, 13 миллираду 100 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид кунад. Нерӯгоҳ иборат аз 6 агрегат ё дастгоҳи тавлиди барқ, ҳар кадоме бо тавоноии 600 мегават нерӯ мебошад ва танҳо як агрегати Роғун баробари тамоми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 1976 тибқи барномаи ҳукумати шӯравии собиқ оғоз шуда ва то соли 1992 сохтмони он идома кард. Бо суқути шӯравӣ ва оғози бархӯрдҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Тоҷикистон кори идома сохтмон қатъ ва бисёре аз дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муҳим барои идомаи сохтмон ба хориҷ аз кишвар интиқол шуд. Ҳамчунин соли 1992 дар яке аз иншоотҳои марбут ба ин нерӯгоҳ садамаи ҷиддие ворид шуд, ки иллати он то кунун равшан нашудааст.
Аз он замон то кунун ҳукумати Тоҷикистон борҳо талош кардааст, ки сармоягузоронро барои идомаи ин сохтмон ҷалб кунад, вале бо ҳар далел ин кор ҳамчунон иҷро нашуда боқӣ мондааст. Имзои созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русал» дар мавриди идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар пойизи соли гузашта дубора шӯълаи умедро барои бунёди ин нерӯгоҳ зинда кардааст. Ахиран бо фармоиши вазорати энержии Тоҷикистон ва ширкати «Русал» як ширкати олмонӣ бо номи «Ламаер» муваззаф шуд, ки тарҳи бунёдии арзиши молӣ ва техникии корҳои анҷомнашуда дар ин нерӯгоҳро таҳия кунад. Қарор аст ин ширкат то моҳи октябри соли равон тарҳи мазкурро дар ихтиёри вазорати энержӣ ва ширкати «Русал» қарор диҳад. Ба гуфтаи масъулини ду ҷониб, аз моҳи ноябр бунёди сохтмони нерӯгоҳ аз сар гирифта хоҳад шуд ва ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба ниҳодҳои зирабт ҷиҳати таъсиси Ширкати саҳҳомии «Роғун» дастур додаст.
Сергей Анненков - муовини мудири ширкати «Русский алюминий», ки идомаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба ӯҳда гирифтааст, мегӯяд: «Ба он далел, ки барои тавлиди алюминий нерӯи барқ як омили бисёр муҳим мебошад ва зиёда аз он Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз бештарин имконоти гидроэнержӣ ва захоири обӣ бархурдор аст, мо талош ва имконоти худро маҳз ба ин хотир ба Тоҷикистон равона кардаем.» Қарор аст, дар марҳилаи аввал ду агрегати ин нерӯгоҳ ба кор андохта шавад, ки тибқи пешбиниҳо имкон дорад, ба ин манзур ҳудуди якуним миллиард доллар лозим бошад. Масъулини ширкати "Русал" ва вазорати энержӣ мегӯянд, ҳар корхона, ё кишвари дигари хоҳишманд метавонад дар бунёди ин нерӯгоҳ саҳм бигирад. Аммо дар ин миён як масъалае, ки ба он доман зада мешавад, ин аст, ки ба даъвои баъзеҳо гӯё бунёди обанбори Роғун метавонад, ба иқлими минтақа таъсир бигузорад. Аз ҷумла бархе аз ҳамсояҳои Тоҷикистон мухолифат бо бунёди нерӯгоҳи Роғунро ошкор ва пинҳон доман задаанд.
Вале Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов - вазири энержии Тоҷикистон мегӯяд, бунёди ин нерӯгоҳ ба нафъи ҳамсояҳои Тоҷикистон низ ҳаст: «Аз ҳоло ба ҳамсояҳо мегӯем, баъди анҷоми нерӯгоҳи Роғун мо нерӯи барқи изофа хоҳем дошт. Вале аксари нерӯгоҳҳои тавлидкунандаи барқ дар Узбакистон ва Туркманистон тавассути масолеҳи нафтӣ, ё газ кор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки лӯлаҳои нафту гази онҳо ба Аврупо муттасил аст. Мо ба онҳо гуфтем, ин ба нафъи онҳост, ки нерӯи арзонқиммати барқро аз мо харидорӣ кунанд ва нафту гази худро тавассути лӯлаҳои Русия ба Аврупо бифурӯшанд. Дар ин замина гуфтугӯҳои мо идома дорад. Ва умед дорем ба натиҷа мерасем.»
Аммо нигаронии дигари ҳамсояҳо аз ин аст, ки Тоҷикистон бо бунёди обанборҳои бузург имкон хоҳад ёфт, назорат ва танзими захираҳои обӣ дар минтақаро дар ихтиёр бигирад. Алихон Латифӣ - раиси маркази минтақавии экологӣ ва муовини собиқи вазири муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд: "Обанборҳо иншоотеанд, ки камтар аз ҳар чизи дигар ба вазъи экологӣ таъсир мерасонанд. Ман фикр намекунам, ки сохтани обанборҳо дар дарёи Вахш ба тағйир ёфтани вазъи экологӣ мусоидат кунад. Аммо нодуруст истифода бурдани оби Сирдарё ва Амударё албатта ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад."
Акнун дар Тоҷикистон ба мушкил касе пайдо мешавад, ки бо бунёди нирӯгоҳи Роғун мухолифат кунад. Аммо дар 15 соли пеш вазъ ба гунаи дигаре буд. Дар матбуоти ҷумҳурӣ ва шӯравии собиқ як маъракаи васеъи алайҳи идомаи сохтмон роҳ андохта шуда буд ва бо баҳонаҳои мухталиф даъват ба қатъ карадани ин сохтмон мешуд. Яке минтақаро зилзилахез менавишт ва яке вам афзоиши рутубати ҳаво ва тағйири иқлимро баҳона меовард. Шоира Гулрухсор, ки намояндаи мардум дар порлумони шӯравии саросарӣ низ буд, мегуфт, ба бунёди обанбор мухолиф аст, зеро дар сурати бунёд зодгоҳи ӯ ва қабристони гузаштагонаш зери об мемонад. Аксари рушанфикрон ва зиёиёни тоҷик низ дар мавқеъи мухолифат бо ин тарҳ буданд. Ин ҷараёни мухолифат аз ҷониби гурӯҳҳо ва доираҳои манфиатдори хориҷ аз Тоҷикистон дар Маскав ва кишварҳои ҳамсоя низ обёрӣ мешуд, ё не, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ба ҳар навъ маълум ин аст, ки ба зарари Тоҷикистон анҷом шуд.