Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории вазорати адлияи Тоҷикистон аз сабти номи Freedom House


Вазорати адлияи Тоҷикистон тақозои сабти номи дафтари созмони ғайридавлатии "Freedom House" ва ё "Хонаи Озодӣ"- и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин кишварро рад кардааст, зеро ба гуфтаи Давлат Сулаймонов - муовини сардори раёсати сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлия асноди пешниҳодии созмон иштибоҳ дошт ва ба ин далел аз сабти номи он худдорӣ шуд.
Оқои Сулаймонов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асноди пешниҳодшуда манзили дафтари созмони "Хонаи Озодӣ" дар Душанбе зикр нашудааст ва яке аз сабабҳои радди сабти ном ҳамин мебошад. Вай афзуд, маротибаи дуввум аст, ки вазорати адлия асноди дафтари созмони "Freedom House"-ро дар Душанбе ҷиҳати ислоҳ бозгардонидааст.
Аммо Звоне Зинрайҳ - раиси дафтари созмони "Freedom House" гуфт, дар посухи вазорат далели мушаххас барои радди қайди давлатӣ ва иштибоҳоти ҷойдошта дар асноди пешниҳодӣ гуфта нашудааст. Созмони "Freedom House" як созмони ғайридавлатӣ буда, ба гуфтаи оқои Зинрайҳ, усулан дар самти ҳимояи ҳуқуқи башар ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият пеш мебарад.
Вай мегӯяд, ин созмон ба ҳеҷ сурат ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва махсусан масоили марбут ба интихобот мудохила намекунад. Ҳамакнун ин созмон асноди худро такмил дода, мехоҳад, бори саввум барои сабти давлатӣ ба вазорати адлия бисупорад. Ин дар ҳолест, ки кунун шӯъбаи Институти миллии демократии Иёлоти Муттаҳида (NDI) ва намояндагии созмони амрикоии "Internews" дар Тоҷикистон низ бо вуҷуди дархостҳои пайваста натавонистаанд, дар вазорати адлия расман сабти ном шаванд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG