Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастҳои бастаи Идораи телевизион ва радиои Бадахшон


Гурӯҳи шаҳрвандон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ тайи як муроҷиат ба маъмурияти Идораи телевизион ва радиои Бадахшон хостори пахши такрории намоишҳои телевизиони ин вилоят шуданд, ки дар онҳо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ барномаҳои пешазинтихоботиашонро тарғиб мекунанд. Шаҳрвандон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ изҳор доштанд, дар ҳоле, ки ҳангоми пахши барномаҳои телевизионӣ ба иллати камбуди барқ дар ин ё он қисмати шаҳр бинандагон наметавонанд, аз барномаҳои телевизион баҳрабардор шаванд, пахши такрории барномаҳо дар давраи тарғиботи пешазинтихоботӣ зарур аст.
Муовини сардори Идораи телевизион ва радиои Бадахшон Баҳодур Саодатшоев баён дошт, мушкилоти нерӯи барқ дар фасли сармо онҳоро маҷбур кардааст, ки барномаҳои маъмулии таҳияшуда дар телевизионро иҷборан батакрор намоиш диҳанд. Дар шароити маҳдуд гардидани имконияти пахши маводи нави таҳияшуда афзуд муовини сардори идора, танҳо дар моҳи январ ҳаҷми пардохти ҳаққи қалам ба журналистони телевизион сӣ дар сад коҳиш ёфтааст.
Идораи телевизион ва радио гуфт, пахши такрории барномаҳои телевизионӣ бо ширкати номзадҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ идома ёфта, то ба реҷаи мӯътадил бозгаштани интиқоли нерӯи барқ амри иҷборӣ мемонад.
Телевизиони Бадахшон чордаҳ сол қабл ба нахустнамоиш дар вилоят оғоз карда, ва бино ба гуфтаи масъулини маркази пахши радио ва телевизион, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ барномаи густариши он дар манотиқи вилоят ба даҳсолаҳои оянда ҳавола шудааст. Аммо сараввал телевизион бо якҷоягӣ бо радиои Бадахшон, ки барномаҳои он қариб дар ҳар як хона садо медоданд, дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мардум нақши чашмгире доштааст. Вале бар асари тахриби шабакаи радиёӣ ва изофаи мушкилоти камбуди нерӯи барқ, ки доираи фарогирии мавҷи телевизионро ҳатто дар ҳудуди маркази вилоят ба мушкилот рӯ ба рӯ кардааст, симо ва садои Бадахшон ба тадриҷ чун васоити иттилоърасонӣ нақши фаъолро аз даст додааст. Номзадҳо ба вакили Маҷлиси Намояндагон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, дар чунин ҳол дар зимистони сербарф ва сард онҳо маҷбур ҳастанд, тарғиботро аз манотиқи дурдаст шурӯъ карда, деҳа ба деҳа карданд, то барномаҳои пешазинтихоботиашонро ба гӯши мардум бирасонанд.
Бино ба гуфтаи Акрам Ризоев сокини ноҳияи Ишкошим бӯҳрони иттилоотӣ боис шудааст, ки дар минтақаи онҳо бештари интихобкунандаҳо танҳо як номзад ба вакилиро мешиносанд:
"Мардум дар ҳавзаи интихоботии Ишкошим танҳо як нафарро мешиносанд, ки он ҳам намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ аст ва ӯро бо воситаи мактабҳо ва муаллимон ӯро муаррифӣ карда истодаанд."
Дар ҳамин ҳол агар дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ аз тариқи телевизион ҳадди аққал имконияти ба мардуми шаҳр, ки 15 дар сади аҳолии вилоятро ташкил медиҳанд, муаррифӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботӣ мавҷуд бошад, интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Ванҷ пурра аз доираи фарогирии телевизиони маҳаллӣ берун мемонанд. Сардори идораи телевизион ва радиои Бадахшон Нарзулло Хайруллоев гуфт, онҳо тибқи қонун барои намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои ҳар ду ҳавза имконияти баробари истифода аз ин васоити иттилоърасониро фароҳам хоҳанд кард. Аммо барои маҳдуд будани доираи фарогирии барномаҳо худро ҷавобгар намеҳисобанд: "Мо барои ҳамаи номзадҳое, ки аз ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, дар ҳаҷми 30 дақиқа вақт ҷудо мекунем, барномаҳоро месозем, вале оне ки дар бисёр манотиқи Бадахшон интихобкунандагон барномаҳои моро гӯш ё тамошо карда наметавонанд, ин айби мо нест."
Вазъияти телевизиони Бадахшон аз ҷиҳати таъминоти фаннӣ хароб аст, аммо бо ин вуҷуд хабарнигорони он бо гузоришу барномаҳои худ доир ба муҳити зист, ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб шудаанд. Идораи телевизион дар як бинои кӯҳна ва тармимталаб, ки аз моликияти Ҳизби коммунист ба моликияти ҳукумати вилоят табдил ёфтааст, ҷой гирифта ва Ҳизби коммунист ва пасон ҳукумат бозпас гирифтани ин бино талоши зиёде кардаанд. Аммо воқеи фурӯрезии боми золи гирди телевизион иқдоми довталабони соҳиб шудан ба ин биноро боздоштааст.
XS
SM
MD
LG