Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи зиёд Тоҷикистонро гирифтори мушкилоти зиёд кард


Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар шарқи ин кишвар, ки боиси хисороти моливу ҷонӣ шудааст, ҷаласаи изтирорӣ ташкил дода ва гурӯҳи махсусеро аз вазорати ҳолатҳои фавқуллода барои арзёбии вазъ ба он ҷо фиристодааст. Бориши барфи зиёд ва фуруд омадани тарма ин қисмати Тоҷикистонро гирифтори мушкилоти зиёд кардааст. Бино ба иттилоъи аввалияи вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, то кунун дар натиҷаи резиши барфи зиёд ва фуруд омадани тарма дар навоҳии Нуробод ва Файзобод 52 хона хароб шудааст. Як рӯз пеш дар ноҳияи Нуробод тарма манзили истиқоматиеро хароб карда, сабаби ҳалокати 9 сокини он ва маҷрӯҳ шудани се тани дигар шуд.
Далер Шарифов - корманди ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар минтақа ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар ноҳияи Рашт Маҳмуди Шодӣ гуфт, дар бархе аз манотиқи водӣ баландии барф то ду метр расида ва роҳҳои Душанбе-Ҷиргатол, Душанбе-Тавилдара баста шудаанд.
Резиши барф дар ин минтақа як ҳафта идома кардааст ва сокинони ин маҳал ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, тайи чанд соли ахир бори аввал аст, ки чунин сардиву барфи зиёдро мушоҳида мекунанд. Рафтуомади нақлиёт ба деҳаҳои дурдасти ин минтақа баста шудааст. Шабакаҳои барқ низ аз барфи зиёд осеб дида ва интиқоли барқ ба хонаҳои мардум маҳдуд шудааст.
Дар вилояти Бадахшон низ вазъ чунин аст, мегӯяд Файзи Мирҳасан хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ. Худоёр Худоёров раҳбари идораи "Бадахшонроҳ" ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, танҳо дар ду рӯзи ахир дар имтидоди роҳи Хоруғ-Душанбе 21 маротиба тарма фуромадааст ва садҳо мошин интизори боз шудани ин роҳ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои роҳсозӣ ба поксозии ин шоҳроҳ шурӯъ кардаанд ва умедворанд, то рӯзи панҷуми феврал онро поккорӣ мекунанд. Файзи Мирҳасан гуфт, роҳи Хоруғ-Ишкошим низ баста аст ва роҳсозон ҳанӯз рӯзи дақиқи боз кардани онро эълон накардаанд.
XS
SM
MD
LG