Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони тоҷик дар маҳбасҳои Дубай


Зиёда аз 100 зану духтари тоҷик дар Дубай бо иттиҳоми фоҳишагӣ ба маҳбас афтодаанд.

Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, ки тибқи таҳқиқоти ахири ҳамин созмон беш аз 100 нафар занону духтарони тоҷик аз ҷониби мақомоти интизомии Иморати Муттаҳидаи Араб бо ҷурми танфурӯшӣ ва иқомати ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд ва дар маҳбаси шаҳри Дубай зиндонӣ ҳастанд. Нигина Муҳаммадҷонова - намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт: "Намояндагони Созмони Ҷаҳонии муҳоҷират дар Узбакистон дар зиндони Дубай санҷиш мегузаронанд ва маълум мешавад, ки дар онҷо беш аз 100 духтарону занони тоҷик ба сар мебаранд."
Хонум Муҳаммадҷонова ҳамчунин афзуд, ахиран духтари 20- солаи тоҷик, ки аз ҷониби пулиси Дубай аз ин шаҳр хориҷ карда шудааст, бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба Тоҷикистон баргаштааст. Нигина Муҳаммадҷонова ба хотири ҳифзи шарафи духтар аз овардани номи ӯ худдорӣ кард ва гуфт, ӯ сокини яке аз навоҳии дурдасти кишвар аст ва дар авоили соли гузашта он духтарро зани ношиносе аз роҳи Қирғизистон ба Дубай мебарад ва ба танфурӯшӣ ҷалб мекунад.

Мусоҳиби ман афзуд духтари тоҷик ба соддагӣ ба доми фиреби қочоқбарон афтодааст: "Ба ин духтар мегӯянд, ки дар Дубай ту метавонӣ, танҳо ба фурӯши тилловорӣ машғул шавӣ ва то 300-400 доллар маош гирӣ. Ин духтар, ки аз оилаи камбизоат буд, розӣ мешавад." Хонум Муҳаммадҷонова мегӯяд, ин духтар мисли қурбониёни дигари қоҷоқбарон, ба кӯмаки ҷиддии тиббиву равонӣ ниёз дорад: "Ҳоло ин духтар саломатии ҷисмӣ ва равониашро дар созмони мо барқарор мекунад ва забонҳои хориҷӣ ва компютер меомӯзад." Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират Тоҷикистон мегӯяд, яке аз мушкилоти аслие, ки дар роҳи ба зиндагии оддӣ баргардонидани қурбониёни қочоқи одам монеа эҷод мекунад, менталитети мардуми ин кишвар аст.

Нигина Муҳаммадҷонова: "Баъзан ҳамин тавр мешавад, ки қурбониён омада ба мо мегӯянд, кош намеомадам, ба ман ҳамон маҳбас беҳтар буд. Чунки падару модар, шавҳар ва ҳатто фарзандонашон аз онҳо рӯ мегардонанд ва таънаву таҳқирашон мекунанд."
Нигина Муҳаммадҷонова меафзояд, яке аз сабабҳои аслии сол то сол афзоиши ҳодисаҳои қочоқи инсон дар ин кишвар камбизоатии хонаводаҳо ва вазъи ногувори иқтисодӣ мебошад. Аммо ба гуфтаи ӯ ҳар чӣ бештар огоҳонидани мардум ва боло бурдани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ метавонад, ин тамоюли номатлубро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG