Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоёти номзадҳо ба вакилии парлумон ба Комиссияи интихоботӣ


Бино ба иттилоъи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, то кунун ба унвони комиссияи баррасии арзу шикоёти ин ниҳод аз номи довталабони курсиҳои порлумон ҳабдаҳ аризаи шикоятӣ ворид шудааст. Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавзаҳои интихоботӣ муаллифони аризаҳои шикоятиро ба ҳайси номзад ба вакилии порлумон сабти ном накардаанд ва шикояти ин довталабон дар ҳоли омӯзиш аст. Оқои Додоҷонов афзуд, ки дар аксар маворид дар ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳо бинобар риоят накардани муқаррароти Қонуни интихобот зимни ҷамъоварии имзо ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамин сабаб ҳавзаи интихоботии Кулоб аз сабти номи Ҳикматулло Насриддинов яке аз сиёсатмадорони шинохта имтиноъ варзидааст.
Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот бо такя бар санадҳои ахири ҳавзаҳои вилояти Суғд мегӯяд, то ҳанӯз дар 9 ҳавза нафаре аз номзадҳо ба дарёфти курсии порлумонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо масъулини комиссияи интихоботӣ то кунун тавзеҳот надодаанд, ки ба чӣ далел дар ин ҳавзаҳо касе ба қайд гирифта нашудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG