Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълум шудани исми чанд номзади дигар ба вакилии МН


Тибқи иттилоъи Комисияи Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ) то имрӯз дар 2 ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе - Шоҳмансур ва Фирдавсӣ - 7 номзад расман ба қайд гирифта шудааст.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИТ гуфт, дар ҳавзаи Фирдавсии пойтахт Шерхон Салимов, собиқ додситони Душанбе, аз Ҳизби халқӣ -демократӣ, Зурафо Хоҷаева аз Ҳизби наҳзати ислом, Шораҳмон Валиев, ғайриҳизбӣ сабти ном шудаанд. Дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур аз 9 номзади пешбаришуда танҳо 4 нафар расман ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни онҳо сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" Раҷаби Мирзо ҳам мебошад. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ 3 номзад аз Ҳизби халқӣ- демократӣ, Коммунист ва Наҳзати ислом сабт ва аммо номзадии Диловаршоҳ Ҷӯраеви ғайриҳизбӣ рад шудааст.
Мӯҳлати сабти номи номзадҳо 7 феврал ба поён мерасад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG