Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушайло дар Душанбе ситоди нозиронро таъсис дод


Дабири иҷроияи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ Владимир Рушайло дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ситоди махсуси нозирони кишварҳои ҳамсудро дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон боз кард ва дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ки ин ҳайъат аллакай кори худро шурӯъ намудааст. Вай гуфт, барои кори муназзами он ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Рушайло гуфт, нозирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҳамкории наздик бо нозирони байнулмилал ва дохилӣ амал хоҳанд кард. Вай гуфт, вазифаи онҳо танҳо мушоҳидаи боинсофонаи интихобот буда, аз натиҷаҳои он ягон манфиат нахоҳанд дошт.
Ба саволи ин ки оё такрори ҳодисаҳои Гурҷистону Украина дар робита ба интихоботҳо дар дигар кишварҳои муштаракулманофеъ имконпазир аст ё на, Рушайло гуфт, ба назари вай такрори чунин ҳодисаҳо чи дар кишварҳои ҳамсуд ва чи хориҷ аз он мумкин аст.
Раиси Кумиссиони марказии интихоботии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев, ки Рушайлоро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, то ҳоло аз тарафи номзадҳои мустақил дар ҳавзаҳои интихоботӣ шаш аризаи шикоятӣ омада, аъзои кумиссион саргарми баррасии онҳоянд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG