Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Душанбе, натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, раванди олуда ба фасоди тақсими шиносномаҳо


ШИКОЯТИ "НЕРӮИ СУХАН" АЗ РЕҶАИ МАҲДУДИ ИНТИҚОЛИ ГАЗИ ТАБИӢ

Ҳафтаномаи « Нерӯи Сухан» бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши инфиҷори газ дар биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он интиқоли маҳдуд ва бемавриди гази табиӣ ба мардумро яке аз авомили сарзадани ҳаводиси нохуш дар манзили шаҳрвандон номидааст. Нашрия навиштааст, реҷаи интиқоли газ ба аҳолӣ ноқису берун аз мантиқ аст, зеро интиқол ва қатъ гардидани газ ҳамеша дар мӯҳлат ва замони муққарраргашта сурат намегирад, ки ин дар бисёр маврид истифодабарандагонро ба иштибоҳ меандозад ва бо як задани гӯгирд ва ё равшан кардани барқ дар манзил ҳодисаи нохуше иттифоқ меафтад. Аз ин рӯ афзудааст муаллифи матлаб, хуб мебуд агар имкони ба таври доимӣ додани газ ҳам набошад, аққалан соати муқаррарии додани он ба манзилҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулин риоят шавад. Дар чунин сурат аҳолӣ низ ба иштибоҳ намеафтоду пеши роҳи ҳаводиси ҳузнангез гирифта мешуд.

НОҚАНОАТМАНДИИ "НАҶОТ" АЗ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳафтавори « Наҷот» зимни арзёбии вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар ҳашт соли гузашта нигоштааст, ки тӯли ин солҳо мебоист вазъи иқтисодии кишвар рӯ ба беҳбуд мегузошт ва сатҳи зиндагии мардум болотар мерафт. Аммо ба эътиқоди нашрия, рушду нумӯи нисбии иқтисодие, ки дар ин солҳо дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ҳосили на иқдомоти анҷом додаи ҳукумат дар ин росто, балки натиҷаи сулҳу оштии барқарор гашта дар ин кишвар аст.
«Наҷот» афзудааст, сиёсати иқтисодии пеш гирифтаи ҳукумати феълии Тоҷикистон барои ин кишвар дар ояндаи дур метавонад манфиатовар бошад, аммо дар кӯтоҳтмуддат наметавонад, вазъи кишварро беҳ гардонад ва ба мардуми оддӣ фоида биёрад.
« Наҷот» аз реша давонидани фасоди молӣ дар ҷомеа ва ҷанбаи собит надоштани қонунгузориҳои иқтисодии Тоҷикистон ба унвони ду омили аслии монеъи рушди иқтисод дар ин кишвар ёд намуда, навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини муваффақияти сиёсати иқтисодии хеш бояд даст ба иқдомоти муассир бизанад.

ПЕШНИҲОДИ ИҚТИСОДДОНИ ТОҶИК БА ҲУКУМАТ

Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо хабарнигори нашрияи «Вечерний Душанбе» аз мақомоти марбути Тоҷикистон хостааст, ки наҳваи дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳамчунин ақшори камбизоти ҷомеа, аз ҷумла нафақахӯрону донишҷуёнро осонтар гардад. Барои мисол гуфтааст, донишманди тоҷик метавон 12 доллар боҷпулӣ барои шиносономаи хориҷиро бекор намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати пардохти боҷпулии таъин гашта ва шиносномаи хориҷӣ гирифтани ҳадди аққал 500 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик ба буҷаи давлат беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ ворид мегардад. Вале ин маблағ аз нигоҳи мусоҳиби «Вечерний Душанбе» дар муқоиса бо маблағҳое, ки тавассути муҳоҷирини корӣ ба кишвар ворид мегарданд, бисёр андак аст. Бинобар ин бекорсозии боҷпулии шиносномаи хориҷӣ гирифтани онро барои беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамасола барои кор ба Русия мераванд, осон мегардонад ва дар иваз ба Тоҷикистон садҳо маротиб бештар аз маблағи боҷпулӣ сармоя ворид мегардад.
Ба навиштаи «Вечерний Душанбе» ба далели гаронӣ ва мураккаб будани наҳваи дарёфти шиносномаи хориҷӣ то кунун танҳо 52 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавонистаанд, ҳуҷҷати мазкурро соҳиб шаванд.

НИГОҲИ НАШРИЯИ "ЗИНДАГӢ" БА ҶАРАЁНИ ТАВЗЕЪИ ШИНОСНОМАҲО

Нашрияи «Зиндагӣ» низ ба масъалаи шиносномаҳои хориҷӣ пардохта навиштааст, ки ин масъала дар баробари муҳоҷирини кории тоҷик ҳамчунин барои касоне, ки тариқи мошина ва ё қатор ба вилояти Суғд сафар менамоянд, мушкилоти сангин эҷод намудаст. Ба эътиқоди муаллифи мақола, додани шиносномаи хориҷӣ имрӯз ба як масъалаи коррупсионӣ мубаддал гаштааст ва тавассути хидмати миёнаравҳо 19 доллар қиммати муайяншудаи шиносномаи хориҷӣ то ба 100 доллари амрикоӣ расидааст.
XS
SM
MD
LG