Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рафтааст


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар бозии дӯстона бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бо даъвати мизбонон рӯзи шанбе, 22-юми январ ба он кишвар сафар кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 25-уми январ дар пойтахти Арабистони Саудӣ - шаҳри Риёз баргузор хоҳад шуд.
Шариф Назаров,сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт ин дидор барои мизбонон, ки ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2006 мубориза мебаранд, бозии контролӣ маҳсуб мешавад.
Вай афзуд: "Ба андешаи ман, дар ҷараёни бозие, ки мо дар Арабистони Саудӣ анҷом хоҳем дод, дараҷаи омодагии ҳар як номзад ба узвияти дастаи мунтахаби миллӣ то имрӯз маълум мегардад. Бинобар ин, маҳз дар рақобат бо чунин тими пурқуввату машҳур дастаи мо имкон пайдо мекунад, ки таҷриба омӯзад ва минбаъд бозиашро такмил бидиҳад. Ба назари ман, рӯзе фаро хоҳад расид, ки мо натоиҷи дилхоҳ ба даст биорем."
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG