Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо об қариб 1 миллиард $ лозим будааст


Тибқи таҳқиқоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳоли ҳозир танҳо 59 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба оби софи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, аммо 49 дар сади аҳолии ин кишвар аз камбуди об ранҷ мебарад.
Искандар Усмонов, ҳамоҳангсози барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъмини аҳолӣ бо оби соф ва масоили беҳдоштӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби соф ва аз байн бурдани куллия мушкилоти беҳдорӣ 992 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зарур аст. Искандар Усмонов афзуд, ки дар пайи раҳандозии чанд барномаи созмонҳои байналмилалӣ дастрасии мардум ба оби соф бештар гаштааст.
Дар ҳамин ҳол Беҳрӯз Сафаров, сардори идораи ҷумҳуриявии обтаъминкунии аҳолӣ мегӯяд, шабакоти таъмини оби мардум дар кишвар хеле фарсуда шуда, барои бозсохти он маблағи зиёд лозим аст, вале буҷаи давлатӣ қудрати раҳандозии чунин барномаҳои муҳими иҷтимоиро надорад.
Аммо ба гуфтаи Искандар Усмонов, ҳамоҳангсози барномаи Созмони Милали Муттаҳид бо номи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола», тибқи созишномаи ба тасвибрасида дар ҳамоиши сарони 189 кишвари ҷаҳон, ки соли 2000 дар Ню-Йорк баргузор шуда буд, қарор аст, Созмони Милали Муттаҳид барномаҳои бозсозии шабакаҳои обтаъминкунии Тоҷикистонро маблағгузорӣ карда, ҳамчунин мутахасисони ботаҷрибаро барои соҳаи мазкур омӯзиш диҳад.
Сафаргули Олимӣ, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG