Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Ниёзов: "ҲДТ аз ҳавзаҳои Суғд номзад пешбарӣ намекунад"


Ҷумъбой Ниёзов, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон(ҲДТ) ва сарвари бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд рӯзи 17 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, демократҳои Суғд аз мубориза дар ҳавзаҳои инфиродии устон барои ба даст овардани курсиҳои вакилии Маҷлиси Намояндагон даст кашидаанд ва бахши суғдии ҲДТ ба ҳавзаҳои инфиродӣ ягон узви худро пешбарӣ накардааст.
Лидери демократҳои Суғд мегӯяд, демократҳо дар мавриди шаффофу одилона баргузор шудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон хушбин нестанд: «Қонуни имрӯзаи интихобот имкон намедиҳад, ки интихобот шаффоф ва озод баргузор гардад ва мо ба натиҷаи холисонаи интихоботи оянда боварӣ надорем. Ҳозир дар ҳамаи шаҳру навоҳии Суғд ба ҷои комиссияҳои интихоботӣ ҳукумат кор карда истодааст.»
Аз демократҳои Суғд танҳо як нафар - Абдусаттор Розиқов аз ҳавзаи инфиродии рақами 18, ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи худпешбарӣ номзадии худро дар қатори довталабони курсии парламентӣ гузоштааст.
Ба гуфтаи Ҷумъабой Ниёзов, дар давраи интихобот мушкилоти дарёфти гаравпулӣ низ домангири демократҳои Суғд шуда, онҳо аз ҷумла ба ҳамин далел натавонистаанд номзадҳои худро барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намоянд. Маблағи бахши ҲДТ дар вилояти Суғд танҳо ба пешбарии 2 узви худ тавассути рӯйхати ҳизбӣ ба вакилии Маҷлиси Намояндагон кифоят кардааст.
Аммо, гуфт оқои Ниёзов, демократҳои Суғд дар интихоботи рӯзи 27 феврал барои гирифтани овозҳои ҳар чӣ бештари раъйдиҳандагон барои рӯйхати номзадҳо аз ҲДТ ва барои ишғоли курсиҳо дар маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии Суғд талош хоҳанд кард.
Дар интихоботи соли 2000 бахши суғдии ҲДТ ба дарёфти курсӣ дар парлумони кишвар ноил нагашта ва танҳо дар маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявии Суғд 8 курсии вакилӣ ба даст оварда буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG