Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Сотсиалист ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурд


Мирҳусейн Назриев, раиси яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон(ҲСТ) бо ирсоли як ариза ба Додгоҳи Олии кишвар аз кори Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР), ки рӯйхати номзадҳои ин ҷиноҳи ҳизб таҳти сарварии оқои Назриевро қабул накардаааст, шикоят кард.
Оқои Назриев чунин бархӯрди комиссияи марказии интихоботро як амали ғайриқонунӣ дониста, мехоҳад, то Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар мавриди сарнавишти баъдии феҳрасти намояндагони ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли равон чораҳо бубинад.
Ин дар ҳолест ки КМИР рӯйхати номзадҳои пешниҳоднамудаи ҷиноҳи дигари ҳамин ҳизб таҳти раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоровро қабул кардаст.
Оқои Нарзиев дар робита ба аризаи шикоятии худ мегӯяд: «Мо аввалан талаб менамоем , ки қарори КМИР аз 14 январи соли равон дар бораи ба қайд гирифтани рӯйхати номзадҳои ҷиноҳи сунъии Ҳизби Сотсиалист аз ҳавзаи ягонаи умумиҷуҳуриявӣ бекор карда шавад. Дуввум, фаъолияти ҷиноҳи ғайриқонунӣ ва сунъиэҷоди Ҳизби Сотсиалист таҳти раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров мутаваққиф гардад. Ва сеюм, бо дифоъ аз манфиатҳои қонунии ҳизби амалкунандаи сотсиалисти Тоҷикистон зери роҳбарии банда чораҳо дида шавад, ки мо дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон ширкат ва аз манфиатҳои худ дифоъ намоем.»
Дар ҳамин ҳол, Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР гуфт, қабули рӯйхат ва сабти номзадҳои ин ҳизб бар асоси пешниҳоди вазорати адлия сурат гирифтааст ва ин идора аз пеши худ икдом накардааст.
Оқои Болтуев меафзояд, ахиран вазорати адлия ҷиноҳи ин ҳизб таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони намояндаи қонунии Ҳизби сотсиалист эътироф намуда ва ба КМИР дар ин бора санад ирсол доштааст.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар дод, ки номаи шикоятии Мирҳусайн Назриев расман 17 январи соли ҷорӣ дар шӯъбаи мактубҳои ин Додгоҳ сабт шудааст ва акнун масъалаи баррасии он матраҳ хоҳад шуд.
Холиқи Сангин, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG