"Ай вой дил,
Ай вой дил, ай вой дил!
Боз оҳе азат баланд шуд...
Ай вой дил, ай вой дил,
Боз кохе аз ғамат бархост.
Аз чӣ оҳ мекашӣ?
Аз чӣ месӯзӣ?
Магар аз бевафоии дӯстони хеш
Магар аз танҳоии хеш?
Кам оҳ бикаш, вагарна месӯзӣ...
Кам оҳ бикаш, вагарна месӯзӣ...
Кас нест, ки онро хамӯш кунад."
Ин дардномаи ҳиҷронро худи Дунё таълиф кардааст. Ба ҳини тарки Афғонистон Дунё ҳамагӣ ҳафт сол доштааст ва инак ҳудуди даҳ сол берун аз ватан ба сар мебарад. Мегӯяд, Тоҷикистон барояш мисли ватани дуввум азиз аст, вале меҳри зодгоҳ боло аз ҳама макони дигар аст барояш: «Вақте афғонҳо муҳоҷир шуда ба Тоҷикистон омаданд, онҳо фикр карданд, ки албатта, миллати тоҷик ҳам ба монанди мо як ҳамфарҳанг, ҳамзабон, ҳамрасм, ҳамдин аст. Аммо дар байни миллати тоҷик баъзе инсонҳое дида мешуд, ки ба мо бо чашми ҳақорат менигаристанд.»
Вале имрӯз мушкилоти муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон то андозае камтар гаштааст, мегӯяд Дунё. Сарфи назар аз синну соли ҷавон ва бо тафовут аз бисёре аз ҳамсолони худ Дунё андешаронии амиқ, фаҳмиши хуби сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳарфзании хуб дорад. Сӯҳбат бо ӯ, чӣ дар мавзӯъи сиёсату иқтисод ва иҷтимоъ ва чӣ дар масоили фарҳангиву ҳунарӣ гуворо буд. Дунё вазъи Афғонистони пас аз Толибонро беҳтар ва умедворкунанда арзёбӣ ва таъкид мекунад, ки вазифаи аввали ҳукумати ҳолии ин кишвар бояд таъмини мардум бо ҷои зист ва амният бошад, то муҳоҷирони дар ҷаҳон парешони афғон боз ба ватан баргарданду онро обод намоянд: «Тайи солҳое, ки Афғонистон таҳти режими Толибон буд, хеле харобиҳои зиёд шуд. Мардум дар ҳар ҷо саргардон буд. Ва шояд, ба фикри ман, ки аз ин баъд мардум баргарданд ба ватани худ, ба макони зисти худ.»
Дунё дар Кобул ба дунё омадааст. Исмаш дар Афғонистон низ нодир аст ва мегӯяд, таърихи аҷибе дорад исмгузории ӯ: «Худораҳмат бобоям номи маро гузоштаанд. Зеро вақте ман ба Дунё омадам, бобоям дар он вақт хеле бадавлат ва одами машҳуру дар ҷомеа соҳибэътибор гаштаанд.»
Фарзанди калон ва духтари ягонаи оилаашон аст Дунё. Дар Душанбе модараш дарс мегӯяд. Дунё чӣ бо лаҳни дарӣ ва чӣ тоҷикӣ хуб ҳарф мезанад ва ҳамчунин забонҳои русиву англисӣ ва урдуро низ балад аст. Китобҳои афсонавиро бештар дӯст медорад ва сурудҳои классикиро. Аз ин завқи суруддӯстдории ӯ аҷабам омад ва пурсидамаш, чаро, охир ҳамсолони ӯ маъмулан таҳаммули шунидани сурудҳои ҳунармандони солрафтаро надоранд. Гуфт: «Онҳо шеърро дуруст мехонанд. Ва ин навҷавононе, ки имрӯз баромадаанд, наметавонанд, ки як шавқ ва як ҳаяҷоне дар дили одам андозанд.»
Дунё мегӯяд, орзуяш хидмат ба ҷомеа аст. Мехоҳад, дар беҳбуд ёфтани зиндагии мардуми Афғонистон саҳми худро бигзорад. Бисёр дӯст медорад, чун ба оҷизе ё нотавоне дасти имдодаш мерасад. Аз ӯ суол мекунам, ки оё дар баробари фикри ҷомеа андешаи ояндаи худро низ дорад? Оё оилаи намунавӣ ва идеалро чӣ гуна мебинад?
Мегӯяд: «Ҳамдигарфаҳмӣ бошад дар оила. Он оила бояд бо розигии духтар ва писар ва волидон бунёд шавад. Оилаи бомуҳаббат ва бомеҳр бошад ва ҳурмату эҳтиром дар байни онҳо бошад.»
Ҳарчанд мегӯянд, ҷавонони имрӯз аз романтизм дур рафтаанд, вале Дунё худро боз ҳам як духтари дӯстдори романтика медонад. Филмҳои ҳиндиро меписандад, гулро мепарастад.
Ҳамин буд, дунёи як ҷавондухтари оддии шонздаҳсолаи афғон бо номи зебову ширини Дунё, ки ман, Ҳумоюни Шаҳриёр қисса мекардам.

Ин воқеъан беҳтарин иқдом аст. Шахсан бобобузурги бандаро соли 1937 русҳо ба қатл расондаанд, ба хотири ки ӯ олими исломӣ ва донишманди риштаи нуҷумшиносӣ ва риёзиёт буд. Худованд манзили охираташонро обод бигардонад ва моро наслҳои имрӯзу фардоро посдор ва давомдиҳандаи кору фаъолияти некашон бигардонад.
Салом! Рахмат ба кормандони Радиои озоди! Ягона газета ,ки аз ахволи мардум бохабар аст. Набошад пасандозхои мардум дар фикру хаели ягон кас нест.
Фардо сокини ДИГАР саера ба ЗАМИН ояд аввал мард е занд буданшро МУШАХХАС мекунед бад агар мард бошад дунявихо ба у галстук ва агар зан бошад юбка ПЕШНИХОД мекунанду мегуянд ПРОТОКОЛ у нас вот такой ПРИКОЛ хаминро ТАЛАБ мекунад ва МАБОДО инопланитянин дар дасти толибон АФТАД тамом капааш ДУД кард е риш е хичоб или УБЕРАЙСЯ от куда ПРИЕХАЛ...шумо толибо харруз Худоро шукр гуед ки дар замони Али(к.в)набошад шумо хаворичро як сутка вакт медод,ки аз руи замин ИСПОРЕНИ шавен...ин чи масхараи шариату бад ном кардани Исломи АЗИЗ аст...хаете доред шумо масхврабозхоро чомеаи ЧАХОНИ ба ин фикри ПУЧУ акидаатон кабул НАМЕКУНАД тамоми чахон бо диктатура панча НАРМ мекунад инхо бошад как СНЕГ на голову ира бупушен ира напушен мардыма ГАМ дода гаштиян...биги чилу пустакта РОСТ покистон Афгонистон чои шумо нест ин сарзамин СОХИБ дора точики мухиббу Ватан дусту Пачшери ДАЛЕР дора...киш ай ича саранча!!!
Куҷо шуд қонуну қонуният, Куҷо шуд адолати судӣ, Куҷо шуд волоияти қонун, Куҷо менигарад кафили сарқонун. Дар ҳолате, ки пасандоздорони Тоҷиксодиротбонк ҳалномаи суд оиди баргардонидани маблағи пасандозҳояшонро доранду 5 молу 6 сол қарорҳои судӣ бе иҷроиш мондааст.
...то кай???то вакти ГУЛИ най!!!Бародар Карим на танхо кахрамони Точикистон Мамадбокир Мамадбокиров сирро зери ХОК бурд пешвоени мо Фронти Халки Сангак Сафаров Файзали Сайидов онхо хам дар ФИТНАИ рахмон АФТИДА бисер сирхоро бо ХУД бурданд АГАР?!камандирхои мо ЗИНДА мебуданд нахзатихоро НАМЕДОНАМ лекин ШОЯД онхо яьне командирхо бо Шоди Шабдолов забон ЯК карда бигузор коммунист мехвар хам БОШАД як давлати ба адолатпеша НАЗДИК барпо МЕКАРДАНД локин ин рахмони ФИТНА-гар бо фитнаи ХУД командирхои моро аз БАЙН бурда то хол обро ЛОЙ карда гаштааст...фитнааш то дарачае РАСИДААСТ,ки ба занхо хам рахм НАМЕКУНАД маскараро БИНЕД як тарафи айнаки хонуми Помири торик гаштаву баргашта уро хамчун як БОМЖ намоиш медихад аз ин дида ФИТНАИ бузург мешавад...рахмон ту точикро дар чахон ШАРМАНДА карди!!!