Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абрҳои тираи осмони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Хатлон


Ба дунболи мушкилоти сабти номи номзадҳо ба вакилии мардум дар парлумони кишвар ва пардохти гаравпулӣ, ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон ба масъулони интихобот ба ин ҳизб имкон надодаанд, ки дар ҳамаи ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботии вилоят намояндагони худро ба ҳайси нозир ворид намоянд.
Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон бо изҳори ин матлаб ва нигаронӣ гуфт, дар ҳавза ва қитъаоти райъдиҳӣ роҳ наёфтани намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ далели ношаффоф ҷараён гирифтани интихобот аст:
"Дар участкаҳои интихоботӣ, ки қариб ба 1000 адад мерасад натавонистем одами зиёд ворид кунем. Дар ин маврид он далелро пеш оварданд, ки аъзои участкаҳои интихоботӣ набояд аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ бошад. Ҳар участкаи интихоботӣ метавонад аз 6 то 19 нафар аъзо дошта бошад. Масъулон аз чӣ меҳаросанд ман намедонам.?"
Оқои Садриддинзода меафзояд, бо талоши зиёд дар 80 дар сади ҳавзаҳои интихоботии вилоят намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро ба ҳайси узви комиссияҳои маҳалӣ сабти ном кардаанд ва ҳамчунин мутаваҷҷеҳ бар онанд, ки дар боқӣ ҳавзаҳо низ намояндагони худро ворид карда тавонанд.

Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон гуфт, дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз феҳрасти ҳизбӣ ду нафар ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ чаҳор нафар аз аъзои ҳизби наҳзати исломӣ барои дарёфти курсиҳо дар парлумони кишвар мубориза хоҳанд кард. Ӯ афзуд дар ҷамъ ин ҳизб мехоҳад, дар вилоят 970 нафарро ба маҷлиси вакилони навоҳӣ ва 70 нафарро ба маҷлиси вакилони вилоят пешбарӣ намояд.
Аммо коммунистони минтақаи Қурғонтеппаи Хатлон аз ҳавзаҳои инфиродӣ дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии Тоҷикистон мубориза нахоҳанд бурд, чун ба гуфтаи Бӯрӣ Султонов, раиси бахши Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа онҳо тавони пардохти гаравпулиро надоранд.

Ва аммо ба гуфтаи оқои Султонов, аз феҳрасти ҳизбӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи Хатлон панҷ нафар коммунистон бо шумули Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон барои даст ёфтан ба курсии вакили мардумӣ талош хоҳанд кард. Ҳизби коммунист дар 31 ҳавза ва участкаҳои интихоботии минтақа нозирони худро сабти ном кардааст.
Ҳизби демократии Тоҷикистон имкон пайдо кардааст, фақат дар шаш ҳавзаи интихоботӣ намояндагони худро ҳамчун узви ҳавза ворид созад.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG