Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Саймуддин Ҳомидзода: "Ҳизб-ут-Таҳрирро ҳеҷ як мазҳаби Ислом қабул надорад."


Ба эътиқоди соҳибназарони улуми исломии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби таҳрир ҳизб бархилофи муқаррароти шариат буда, ҳадаф аз он эҷоди тафриқаву низоъ ва якдигарнофаҳмӣ миёни пайравони дини мубини Ислом аст. Ҳоҷисаймуддин Ҳомидзода - котиби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин назар аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ифротгаро будани аъзои Ҳизб-ут-таҳрир аҳдофу мақсади онҳоро на танҳо пайравони мазҳаби Имоми Аъзам, балки пайравони дигар равияҳои Ислом низ қабул надоранд.
Вай меафзояд: "Агар аз нуқтаи назари шаръӣ бигирем, мақсаде, ки онҳо доранд, ҳамааш ба мазҳабҳои мавҷуд мухолифанд. Онҳо пеш аз ҳама, пеш аз намозу рӯза ва таълими илм онҳо ҷиҳодро эълон медоранд. Яъне ҳар касе, ки ба онҳо зид мебарояд, ба ӯ ҷиҳод эълон медоранд. Ба ин хотир тамоми мазоҳибе, ки ҳаст дар Ислом ба ин ҳизб зид аст ва ақидаи онҳоро қабул ҳам надоранд."

Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд мегӯяд, аксари пайравони Ҳизб-ут-Таҳрирро ҷавонони бехабар аз дини Ислом ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бисёр маврид маҳз ҳамин ноогоҳӣ аз асли Ислом мӯҷиб шудааст, ки ҷавонону наврасони фирефта ва нодон ба суфуфи Ҳизб-ут-таҳрир ҷалб мешаванд. Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода меафзояд, ойинномаи ин ҳизби ғайриқонунӣ муғойир ба муқаррарроти дини Ислом аст ва инро дар бисёр кишварҳои исломӣ аз уламо бо таҳқиқоти илмӣ собит ҳам намудаанд: "Аз нигоҳи шариат, аз нигоҳи таҳқиқоте, ки дар тамоми олам, аз он ҷумла таҳқиқот дар Мисру дар Урдӯну дигар давлатҳои Араб ойинномаи ин ҳизб ба ақидаи исломӣ рост намеояд, чунки бисёр чизҳоро инкор мекунанд. Бар зидди ин ҳизб, ки ақидааш ақидаи пок нест ва даъвоҳое, ки доранд, мақбули ом нест, барои ҳамин мавқеи мо дар баробари он муайян аст."

Ҳоҷисаймуддин Ҳомидзода - котиби Шӯрои уламои Тоҷикистон бо таъкид ба лузуми тақвияти умури фаҳмондадиҳӣ мегӯяд, ин шӯро дар баробари Ҳизб-ут-Таҳрир мавқеъи мушаххас ва рӯшан иттихоз намудааст ва дар ин самт дар ҷаласоти шӯро ва дар масоҷиду зиндон ва ҳамчунин миёни мардум корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ба сомон мерасонад. Ва аммо Абдулвалӣ як тан сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки Ҳизб-ут-Таҳрир бо мунҳариф сохтани ақоиди динии мардуми мусулмон ҳамчунин дар низоми давлатдории тоҷикон низ халал ворид созад.

Дар ҳамин ҳол аксари коршиносони масоили динӣ мӯътақиданд, ки бо анҷоми боздошту зиндонӣ сохтани аъзо ва ҳаводорони Ҳизб-ут-Таҳрир наметавон ба гунаи муаассир пеши роҳи фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрирро дар дохили Тоҷикистон гирифт. Ба назари онҳо, маҳз бо кӯмаки донишмандони улуми исломӣ бо роҳи баҳсу мутақоидсозии аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб имкон дорад, пеши роҳи тавсиаи фаъолияти ин ҳизби тундрав гирифта шавад. Ба гуфтаи масъулини Шӯрои уламои вилояти Суғд дар пайи чунин иқдомот дар ин вилоят нафарони зиёде бо дарки иштибоҳи хеш худогоҳона сафи Ҳизб-ут-Таҳрирро тарк гуфтааанд.
XS
SM
MD
LG