Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зойирони тоҷик аз шароити адои фаризаи ҳаҷ изҳори ризоият мекунанд


Гурӯҳҳои аввали ҳоҷиён аллакай маросими ҳаҷҷи хурд ва ё умраро ба ҷо овардаанд. Тавре ҳоҷиёни тоҷик мегӯянд, ҳайъати Тоҷикистон дар панҷ меҳмонхона дар масофаи 18 километр аз Каъба қарор доранд ва ҳар рӯз автобусҳои мусофиркаш онҳоро ба намоз ва аз он ҷо ба зиёрати ҷойҳои муқаддас мебаранд.
Агар гуфтӯгу бо бонуи ҳоҷии тоҷик Ҳабиба Боймирзоеваро шунидан мехоҳед, ин ҷумлаи сабзро клик кунед.

Бонуи дигари тоҷик, ки аз зиёрати шаҳр баргаштааст, дуо мекунад, ки Худованд кулли сокинони дунёро хушбахт гардонад.

Дуои Шаҳло Бобиева зери ин хати сабз ниҳон аст.

Ин ҳоҷиён аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар кишварҳои арабӣ таҳсил ва довталабона барои ҳоҷиёни тоҷикистонӣ роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ мекунанд, сипосгузоранд. Интиқоли ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ то охирҳои ҳафтаи равон идома мекунад. Дар ин муддат беш аз чор ҳазор ҳоҷии тоҷикистонӣ ба Макка фиристода мешаванд. Солҳои ахир масъалаҳои амниятӣ дар ҷараёни рафтуомад ба ҳаҷҷ аҳамияти бештар касб мекунанд. Соли гузашта баъзе ширкатҳои сайёҳӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳоҷиёни тоҷикро ба ҳоли худ гузоштанд. Он замон ҳоҷиёни тоҷик фақат бо кӯмаки Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кумитаи дини Тоҷикистон ба адои фаризаи ҳаҷ ва бозгашти бидуни мушкилот ба ватан муваффақ шуданд. Ҳангоми бозгашт таввасути шаҳри Машҳади Эрон чанде аз ҳоҷиён аз сабаби набудани ҷой дар ҳавопаймоҳо ночор муддатеро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сипарӣ карда буданд. Масъулони имсолаи ҳаҷ умедворанд, ки камбудиҳои солҳои пеш такрор нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG