Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори "Марко Поло" аз Бадахшони Кӯҳӣ


Шумораи зиёди ин гӯсфандони нодир аз тарси ҷон дар ҳавзаи бетарафи се давлат, дар миёни симхорҳо ба сар мебаранд, мегӯяд олими Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Маҳмадшо Қадамшоев, ки се сол боз дар Помири Шарқӣ ба омӯзиши ҳайвоноти нодир, аз ҷумла гӯсфанди Марко Поло машғул аст.
Маълумот доир ба ин гӯсфандон хеле мухталиф аст. Олимони Доғистон саршумори Марко Полоро бештар аз 24 ҳазор сар медонистанд, аммо баъди ду сол кормандони Институти экологии шаҳри Маскав ин рақамро як баробар коҳиш дода, онро дар гузориши худ 12 ҳазор сар нишон доданд.

Аммо Маҳмадшо Қадамшоев мегӯяд, гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ду сол пай дар пай кӯҳҳои Помири Шарқиро пиёда тай карда, баъди баршумурдани гӯсфандони Марко Поло ба чунин натиҷа расиданд, ки шумори ин гӯсфандони нодир аз 5 ҳазор сар беш нест: "Аз ин панҷ ҳазор бисёртараш дар миёни хати Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону Чин, ки минтақаи нейтралӣ аст, вомехӯрад."
Маҳмадшо Қадамшоев меафзояд, агарчӣ тибқи қавонини байналмилалӣ шикори ҳайвоноте, ки шомили Китоби Сурх мебошанд, мамнӯъ аст, вале ҳукумати маҳаллӣ барои ба даст овардани асъори хориҷӣ аз баҳри ҷони ҳайвоноти нодир мегузарад: "Ҳарчанд шикори ин гӯсфанд мамнӯъ аст, аммо ба ин нигоҳ накарда дар Тоҷикистон на фақат шикорчиёни хориҷӣ, балки шикорчиёни дохилӣ ҳам ба сайди онҳо машғуланд."

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, як гурӯҳ аз олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба хотири маҳв нашудани ин ҳайвони нодир дар Помири Шарқӣ, ки бидуни шикор ҳам дар фасли сармо аз бемориву гуруснагӣ ҳам талаф меёбанд, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки аққалан 10 ё 15 сол ба шикори гӯсфанди Марко Поло иҷозат надиҳад.
Бояд зикр кард, ки бори нахуст аз мавҷудияти ин гӯсфанди кӯҳӣ сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло дар асри 13 маълумот додааст ва баъдан ин гӯсфандро Марко Поло номидаанд. Ба навиштаи ин сайёҳи италиявӣ он замон дар Помири Шарқӣ, беш аз 300 ҳазор сар гӯсфанди кӯҳӣ сукунат доштааст. Ба қавли олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир агар шикори ин ҳайвони нодир қатъ наёбад, баъди 10 сол аз он нишоне намемонад.
XS
SM
MD
LG