Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлили дигаргуниҳои кадрӣ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон дар барномаи Чашмандоз


Бахши Тоҷикии РО

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон чандин дигаргунӣ ба амал омад. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки ин тағйирот ҷузъӣ ва камтаъсир аст, шояд аломати аввалин бор ба сохторҳои интизомӣ даст задани президент бошад.

Коршинос Сайфулло Сафаров бар ин аст, ки дигаргуниҳо ба марҳилаи ҷиддии пешазинтихоботӣ вобаста мебошанд, вале коршиноси дигар Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ин таҳаввулот ба интихобот ягон рабт надорад. Вале Ҷӯрахон Кабиров раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон мегӯяд, раиси ҷумҳур пас аз мушоҳида ва таҳлилҳои тӯлонии фаъолияти вазорати умури дохилӣ ба чунин натиҷа расидааст ва мӯътақид аст тағйироти кадрии суратгирифта бар манфиати ҷомиа хоҳад буд.
Таҳлилгари дигар Исмоил Раҳматов мегӯяд, ҳамаи вазоратҳои кишвар ба хешутаборбозӣ ва маҳалгирӣ гирифторанд ва ришват дар онҳо реша давонда, аз иваз кардани ин ё он корманд, вазъи кор тағйир намеёбад.
Нуралии Давлат бар ин аст, ки Тоҷикистонро дар пеш як "инқилоби кадрӣ" интизор аст, зеро президент Раҳмонов дар ду соли боқимонда бояд муассир будани ҳукумати худро намоиш диҳад. То интихоботи президентии соли 2006.

Ин баҳсу андешаҳо аз барномаи иттилоотию таҳлилии Чашмандоз аст. Хати сабзро клик кунед ва онро бишнавед
XS
SM
MD
LG