Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдод ба офатзадагони мадду ҷазр дар Осиёи Ҷанубӣ


Ваъдаи кӯмакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба офатзадагони маддуҷазр дар уқёнуси Ҳинд аз 3 миллиард доллар гузашт ва дар ин номгӯй Олмон бо ваъдаи 674 миллион доллар ба сафи аввал баромад, ки ин адад танҳо мадади молиявии ҳукумати Олмонро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин Олмон гуфтааст, як бемористони сайёр, киштии ҳарбӣ ва ду чархболро ба Ачеҳи Индонезия интиқол хоҳад дод. Ба ғайр аз ин мардуми Олмон ба воситаи созмонҳои хайрия 130 миллион доллар ҷамъоварӣ карданд. Ҷопон гуфтааст, ба маблағи 500, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 350, Норвегия 182, Бритониё, Шведсия 80, Канада 66, Арабистони Саъудӣ 30 ва Қатар 25 миллионн доллар мадад хоҳанд расонд.
Сокинони шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ дар Русия, ки дар соли гузашта гаравгонгирии хунинро дар мактаб аз сар гузаронданд, ба офатзадагон 1 миллион рубл ёрӣ карданиянд ва яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон Мозамбик, ки офатҳои обехзиро зиёд дидааст, ба хазинаи мадад 100 ҳазор доллар ворид намуд.
Ҳамдардӣ ва хоҳиши кӯмак ба офатзадагон аз ҷониби шаҳрвандони оддӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баён шудааст, аммо то ҳоло танҳо Қазоқистон тавонистааст, ба кишварҳои осебрасида 40 тонна кӯмак фиристад.
Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG