Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати истифодаи шиносномаҳои муқаррарӣ дар Русия


Мӯҳлати истифода аз шиносномаи тоҷикӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то охири марти соли равон тамдид шудааст, агарчӣ қарор буд аз ибтидои соли ҷорӣ равуои шаҳрвандон дар қаламрави панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - Русия, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути шиносномаи хориҷӣ сурат бигирад.
Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, сабаби тамдиди мӯҳлати истифодаи шиносномаҳо, мушкилоти фаннӣ ва набуди имконоти молӣ барои тавзеъи шиносномаҳои хориҷӣ дар қаламрави Русия будааст. Ӯ афзуд, миёни ду кишвар ҷиҳати рафъи мушкилот ва мусоид гардонидани шароит барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ барои атбои тоҷик дар Русия музокирот идома дорад.
Тибқи гузоришоти қаблии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, мебоист аз ибтидои соли 2005 дар бархе аз шаҳрҳои Русия шӯъбаҳои тавзеъи шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекард. Аммо ин масъала то кунун ҳал нашудааст ва ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷа, яке аз масоили баҳс дар музокироти ояндаи ҳарду кишвар, ҳамин мебошад.
Тибқи омори расмӣ, аз моҳи октябри соли гузашта то кунун бештар аз 52 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дарёфт кардаанд, ҳарчанд шумораи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русияро аз 350 ҳазор то як миллион нафар медонанд.
Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, дар нӯҳ шаҳри Русия нуктаҳои тавзеъи шиносномаи хориҷӣ ба атбои тоҷик оғоз ба кор кунад, аммо гуфт вай, нуқтаи ниҳоӣ дар ин масъала дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гузошта хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG