Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи "Сачан" оғоз ёфт


Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба Сачан шуруъ кардааст.
Содиқ Муҳаммадохунов, вакили собиқи шурои вилояти Суғд ва раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз фармондеҳони шинохтаи Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ дониста мешавад.
Мақомот Муҳаммадохуновро дар куштор, хиёнат ба ватан, авбошӣ, таҳия ва истифодаи асноди ҷаълӣ ва ҳамчунин ба ҷиноёти молӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир муттаҳам кардааст.
Зафар Азизов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов мақоми махфӣ гирифтааст ва иллати ба таври пушида сурат гирифтани муҳокима ҳам ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ошкор ва фош шудани асрори давлатист.
Вале Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъи Содиқ Муҳаммадохунов мегӯяд, барои чунин шеваи муҳокима додгоҳ далели кофӣ надошт ва пушти дарҳои баста шурӯъ шудани муҳокима ҷониби ҳимояро нигарон сохтааст.
Ҳамроҳ бо Содиқ Муҳаммадохунов парвандаи 4 нафари дигар низ баррасӣ мешавад, ки яке аз онҳо раҳбари собиқи идораи иктишофи замини шаҳри Қайроқум ва як нафари дигар номзади улуми техникӣ аз Узбакистон будааст, ки то солҳои ҷанг 20 солро дар Тоҷикистон ба сар бурда, барои Муҳаммадохунов бо роҳи ҷаълӣ дипломи хатми як донишкадаи шаҳри Тошканд ва ҳуҷҷати муовинии фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсуси вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро таҳия карда будааст.
Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба Сачан то замони боздошташ раиси корхонаи пахтаи ноҳияи ҷаббор Расулов ва вакили шурои вилояти Суғд будааст. Ба гуфтаи адвокат Файзиннисо Воҳидова, дар сурати исбот шудани гуноҳҳояш, додгоҳ метавонад ӯро то 15 сол ба зиндон маҳкум кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG