Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро боз аз Русия ронданд


Маҳмадулло Қурбонов - муовини раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва барои фароҳам овардани шароити корӣ Тоҷикистон дар 6 нуқтаи Русия марказҳои умури муҳоҷират таъсис додааст. Оқои Қурбонов афзуд, ин марказҳо ҳамарӯза фаъолияти муҳоҷиронро зери назар доранд ва ин дар ҳолест, ки 15-уми декабр 83 муҳоҷири тоҷик аз вилояти Краснодари Русия хориҷ карда шуданд. Ин муҳоҷиронро барои нақзи муқаррароти иқомат ва адами корти муҳоҷират аз Русия рондаанд ва яке аз афроди хориҷшуда мавриди кофтукови мақомоти ҳифзи қонун қарор доштааст.
Нигина Муҳаммадҷонова, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, берун рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври бояду шояд назорат намешавад ва аксарияти онҳое, ки муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд, аз ҳуқуқи худ ҳамчун муҳоҷири корӣ, огаҳӣ надоранд ва ин аст, ки мутобиқи омори Созмони ҷаҳонии Муҳоҷират дар тӯли соли равон беш аз 200 нафар муҳоҷирони корӣ, ки 20 дар садашонро занон ташкил медиҳанд, ҳангоми муҳоҷират мавриди трафик, ё хушунати ҷинсиву равонӣ қарор гирифтаанд.
Маҳмадулло Қурбонов - муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 420 000 нафар муҳоҷири корӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, аммо мутобиқи омори ғайрирасмӣ шумораи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG