Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руслана: "Ифтихор мекунам, ки ҳамроҳи мардумам будам!"


Руслана, хонандаи шинохтаи украинӣ, шанбеи гузашта, 11 декабр, дар шаҳри Прага, дар фестивали ҳунарии "Ческий словник", ё худ "Булбули Чех" ширкат кард ва аз Радиои Озодӣ ҳам дидан намуд.
Руслана, духтари хеле зебову кушодачеҳра, танҳо аз майдони Киев, аз таҳаввулоти ахири атрофи эътирозҳои баъдиинтихоботӣ сӯҳбат мекард. Вай бо ишора ба гарданбанди норанҷиаш боифтихор гуфт, дар консертҳои ахираш мекӯшад ин рамзи пирӯзии демократии нируҳои мухолифини Украинаро аз гардан дур накунад. Ӯ гуфт:
"Юшенко аллакай пирӯз шуд ва мардум ҳам пирӯз шуд, кишвар бо тағйиротҳо рӯбарӯ шудааст. Ҳанӯз давраи ниҳоии интихобот дар пеш аст, аммо аллакай Украина як қадаме ба сӯи демократия ва Аврупо ниҳодааст. Украина аллакай Аврупост. Аллакай ислоҳоти сиёсӣ сурат ва инқилоб ба тарзи сулҳомез ҷараён гирифт. Одамоне, ки ба хиёбонҳо рехта буданд, танҳо ҳадафҳои демокротиву маданиро дунбол мекарданд. Мардум пирӯз шуд ва аз он ки теъдоди мо зиёд буд, мо ғалабаи худро эҳсос кардем"
Руслана, ки ҳатто дар хоби худ ихтилофҳои миёни пуштибонони Юшенкову Януковичро дида буд ва дар ин бора ҳам ба хабарнигорон боэҳсос қисса мекард, гуфт, хеле ифтихор дорад, ки дар ин шабу рӯзи сарнавиштсози кишвараш ҳамроҳ бо мардум будааст. Ба ӯ гуфтам, бархе ҳунармандоин тоҷик, мисли Далер Назаров, чунин назар доранд, ки омезиши ҳунар ва сиёсат амали шоиста нест. Руслана чунин посух дод: "Комилан дуруст аст, то замоне, ки масъала сиёсӣ аст, ҳунарманд набояд мудохила кунад. Ман ҳамчун як овозхон мухолифи омезиши сиёсату ҳунар ҳастам. Аммо дар ҳоле, ки масъала аз марзҳои сиёсӣ фаротар меравад, шахс набояд ором нишинад. Агар ман як шахси шинохта ҳам набудам, хомӯш наменишастам. Вақте шумо шоҳиди ноадолатиҳои зиёд мешавед, вақте бо чашми худ шоҳиди корҳое мешавед, ки хилофи адолат ва қонун ҳастанд, чӣ тур метавонед хомӯш бошед. Мо ба майдони Киев баромадем, мо як нируи пуштибон аз мардуми эътирозгарро ташкил додем. Ин хеле муҳим аст. Чӣ тавр шумо метавонед дар канор монед, вақте мардуми шумо бо талаби барқарории ҳақиқату адолат ва ростӣ берун баромада бошад. Дар ин сурат кӣ будани шумо, ҳунарманд будан ё набудани шумо муҳим нест, шумо вазифаи шаҳрвандии худро иҷро мекунед. Ва дар ин гуна ҳолатҳо дар фикри ояндаву оқибати чунин иқдомҳо набошед, ки фардо чӣ мешавад, "карераи ман чӣ мешавад?", шояд "ман фардо бо мушкил рубару шавам"? Не, шумо бояд боҷасорат равед ва дар паҳлуйи мардум биистед"

Руслана бо эҷоди таронааш бо исми "Вайлд денс" ё "Рақси ваҳшӣ" соли ҷорӣ барандаи шоҳҷоизаи озмуни Евровизион гардид ва бо ин, фарҳанги мардуми гуцул, қавми сокини минтақаи Карпатии Ғарби Украинаро ба олам муаррифӣ кард. Руслана гуфт, ҳунари аслии мардумӣ дар шароити кунунӣ танҳо роҳи пирузиву муаррифии фарҳангҳои мардумони дунё мебошад: "Ин чеҳраи кишвар, чеҳраи ҳунарманд, ин симои равияи ҳунарии шумо аст. Ин танҳо имконияти муаррифии як чизи нав дар арсаи Аврупову ҷаҳон аст. Ба андешаи ман, шахс наметавонад беҳтар аз он чӣ эҷод кунад, ки дар хуну дар решаҳои у маҳфуз аст. Ин меросест, ки аз гузаштаҳо ба мо омадааст ва касе беҳтар аз мо онро иҷро карда наметавонад. Мо ин равияро барои он интихоб кардем, ки фикр мекунем, чизе беҳтар аз инро иҷро карда наметавонем. Шумо метавонед ин равияро ба ҳар навъ ном баред, бо ҳар номи техникӣ, аммо ин муҳим нест, барои ман ин равия "Рақсҳои Ваҳшӣ" ном дорад. Мо кушидем навои бисёр шӯхи мардуми гуцул, сокинони Карпатиро бо тамоми тароват ва зебоии ҳунариву фарҳангиаш, бо сару либоси миллиаш бозгӯ кунем."
XS
SM
MD
LG