Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин кунгураи миллии ҷавонон дар Душанбе


Хариду фурӯши инсон масъалаи аслиест, ки дар нахустин Кунгураи миллии ҷавонон оид ба ҳуқуқи инсон дар Душанбе тӯли се рӯз баррасӣ мешавад. Кунгура рӯзи чаҳоршанбе, 15 декабр ба кор шурӯъ кард.
Мубтакирони он - Созмони Ҷаҳонии муҳоҷират, кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии «Санитас» - мегӯянд, ҳадаф аз баргузории кунгура таъкиди нақши ҷавонон дар роҳи ҷилавгирӣ аз поймоли ҳуқуқи инсон ва табодули таҷриба миёни созмонҳои ғайриҳукумативу волонтёрҳо мебошад. Ширкатдорони кунгура аз афзоиши теъдоди афроди қочоқшуда шадидан нигаронӣ карданд.
Нигина Мамадҷонова, ҳамоҳангсози барномаи хариду фурӯши инсони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон аз 40 ҳодисаи траффики тоҷикистониён танҳо дар чаҳор моҳи ахир изҳори иттилоъ намуд. Бону Нигина гуфт, миёни ин афрод мардҳо низ ҳастанд, ки дар Русия ва Қазоқистон ҳамчун ғулом кор фармуда мешуданд.
Масъули Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мисол овард, ки як гурӯҳ мардон аз Қурғонтеппа дар пахтазорҳои Қазоқистон шаш моҳ бидуни маош ва дар шароити бардагӣ кор мекунанд, пасон пеш карда мешаванд ва аз Қазоқистон то ба хона пои пиёда бармегарданд. Бештари қочоқшудагон гирифтори фиреби ваъдаи ҷои кори муносиб мегарданд, вале миёни занҳо нафароне низ ёфт мешаванд, ки онҳоро рӯзгор водор ба танфурӯшӣ мекунад, мегӯяд Нигина Мамадҷонова. Онҳо фикр мекунанд, мераванд, каме кор мекунанд, пули зиёд ба даст меоранд ва ба хона бармегарданд, вале: «Дар асл онҳо бехабар ҳастанд, ки онҳоро дар онҷо чӣ интизор аст. Шиносномаи онҳоро мегиранд, маҷбур мекунанд, ки ҳатто 24 соат дар шабонарӯз кор кунанд, онҳоро ҳатто мезананд, ба онҳо пул намедиҳанд, онҳо маҳкам ҳастанд дар як ҷо.»
Созмону ниҳодҳои байналмилаливу давлатӣ дар овардани арқоми дақиқи марбут ба нафарони гирифтор ба бардагӣ душворӣ мекашанд, аммо мегӯянд, ағлаби афроди қочоқшударо аз Тоҷикистон занҳо, занҳои бешавҳари бори рӯзгор бар дӯш ташкил медиҳанд. Маъмулан, ин занҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия бурда мешаванд, вале қочоқгарон торафт самтҳои нав ва ё ба истилоҳ бозорҳои навро кашф мекунанд. Нигина Мамадҷонова гуфт, ахиран бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират як зани тоҷик аз Исроил ба ватан бозгардонида шудааст.
Ва аммо дар муқоиса бо ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ вазъи қочоқи инсон аз Тоҷикистон беҳтар арзёбӣ шудааст. Нигина Мамадҷонова занҳои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистонро мисол меорад, ки ба кишварҳои аврупоиву осиёвӣ, аз қабили Юнону Ҷопон, Индонезияву Сингапур низ қочоқ шудаанд: «Гурӯҳ- гурӯҳ мебаранд занонро. Ба кадом давлатҳое, ки намебаранд. Ҳатто дар тааҷҷуб мемонед, ки онҳо чӣ хел ба онҷо афтидаанд. Чӣ хел? Чӣ гуна?»
Сабаби аслии ин, мавҷудияти рейсҳои мустақим аз ин кишварҳо будааст. Хатти Душанбе - Хуҷанд - Ош - Дубай гузаргоҳи аслии қочоқи занҳо аз Тоҷикистон унвон шудааст. Алиҷон Солиев, раҳбари барномаҳои созмони ғайриҳукуматии «Санитас», аз созмонҳое, ки бо афроди қочоқшуда кор мебаранд, мегӯяд, дар баробари онҳое, ки ихтиёран хориҷа мераванд ва фиреб мехӯранд, ҳамчунин бошандагони хурдсоли хонаҳои кӯдакон қурбони гурӯҳҳои ҷиноӣ мегарданд: «Кӯдаконро асосан аз интернатҳо, мисол гирем, духтархонду писархонд карда мегиранд ва ба дигар давлатҳо мебаранд.»
Соли ҷорӣ Ҷаҳон Ҳилолова ном зан бо ҷурми қочоқи духтари ноболиғе, ки аз хонаи кӯдакон ба фарзандӣ хонда буд ва ба танфурӯшӣ водор сохтани ӯ ба солҳои тӯлонии маҳбас маҳкум гардид. Ҷаҳон Ҳилолова нахустин нафаре буд, ки дар Тоҷикистон бо ин иттиҳом боздошт ва баъдан маҳкум шудааст.
Соли ҷорӣ дар кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои одамфурӯшӣ банди нав илова шуд ва ин имкон медиҳад, ки афрод ва гурӯҳҳои дар ин тиҷорати сердаромад даст дошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон шӯъбаи махсуси мубориза бар зидди одамфурӯшӣ таъсис ёфт.
Ва аммо оё қочоқи инсон танҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа вуҷуд дорад? Оё дар дохили худи Тоҷикистон низ одамон мавриди фиреб қарор гирифта ба ғуломӣ водор мешаванд? Нигина Мамадҷонова, ҳамоҳангсози барномаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одами Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират: «Дар дохили Тоҷикистон? Мо ҳоло ин хел маълумот надорем, лекин шунидаем. Дар деҳоту навоҳии дурдаст онҳо мегӯянд, ки якчанд одамон мегарданду як кори хубро дар Душанбе ваъда мекунанд. Дар бораи ин хел ҳодисаҳо мо шунидаем, лекин гӯям, ки факт дорем, не, надорем.»
Тибқи барнома, рӯзи охирини кунгураи аввалини ҷавонон оид ба ҳуқуқи инсон иттиҳоди ҳаракати волонтёрони Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд. Дар назар аст, ин иттиҳод талоши худро бар он равона созад, ки ҷавонон гирифтори торҳои найранги гурӯҳҳои ҷиноӣ нагарданд. Усули интишори маълумот тариқи ҳамсол ба ҳамсол аз роҳҳои муассиртарини коҳиши теъдоди афроди фиребхӯрда ва ноогоҳ унвон шудааст.
XS
SM
MD
LG