Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳамат ба сари дастархони тоҷикӣ дар барномаи Ҳамнафас!


Барои бисёр одамон аввалин мулоқоти онҳо бо фарҳанги бегона ба воситаи хӯрок ба амал меояд. Аз рӯи хӯроки миллӣ таърих, шароити зист, расму оину фарҳанг ва ҳатто фарзҳои динии мардумро метавон муайян кард. Аз ин нигоҳ шӯрбо ё қурутоби шумо аз сатҳи як хӯрданӣ болотар меравад ва ба шиносномаи шумо табдил меёбад. Агар як ҷаҳонгард инҳоро бо тарзи пешниҳод, сабки хӯрдан ва меҳмондорӣ пайванд диҳад, вай метавонад, дар бораи он миллат як китоби муфассал нависад.
Ғизоҳои миллии мо, тоҷикон, чиҳоянд ва мо ба онҳо чи назар дорем? Дар барномаи навбатии Ҳаманафас на танҳо фикри шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин бора хоҳед шунид, балки ҳамчунин роҷеъ ба зарурати таъсиси як Марказ ва ё Академияи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ сӯҳбат хоҳад рафт ва аз ҳама ҷолибаш ба ресторани "Душанбе" дар Ню Йорк меҳмон хоҳем шуд.
Ҳама ҳасад мебаранд, ки чаро дар Душанбе ва ё Хуҷанд нестанд, то аз хӯрдани таъомҳои миллӣ лаззат баранд. Вале давраи муосир, ҳама чиро сарчаппа кардааст. Беҳтарин ғизои миллии тоҷикиро на дар Тоҷикистон, балки берун аз он метавон хӯрд. Гап дар он ки вақте кӯшиш мешавад, хӯроки миллӣ дар хориҷа обрӯ ва ҷо пайдо кунад, аз пайи беҳтарин ва дақиқтарин шаклу таъм мегардад, то муштариён вижагии онро бичашанд ва бозу боз ба тарабхонае ки дар Маскав, Дубай ва ё Ню Йорк аст, роҳ пеш гиранд.
Баъзеҳо мепурсанд, чаро сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар саҳифаи интернетии худ дар паҳлуи муҳимтарин иттилоъи сиёсӣ номгӯйи таъомҳои тоҷикиро ҷой додааст. Намедонам, ба ин савол ҷавоб додан даркор аст, ё на, вале илова мекунам, ки бо кӯшишҳои сафири Тоҷикистон дар Русия ва ҷаноби Хуршед Ёқубов дар ин саҳифа на танҳо номи зиёда аз сад таъоми тоҷикӣ, балки тарзи таҳияи ҳар кадоми онҳо муфассал навишта шудааст. Дар бораи он ки як ресторани тоҷикӣ низ метавонад, монанди як сафоратхонаи Тоҷикистон хидмат кунад, дар ин нашри барнома хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG