Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 донишҷӯи хуҷандӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир


Махсумҷон Раҳимбоев, муовини раиси идораи умури дохилаи шаҳри Хуҷанд гуфт, Азим Азимов ва Мирзо Ҳомидов, донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ҳангоми паҳн кардани варақаҳои таблиғотии ҳизби манъшудаи Таҳрир дар ин шаҳр аз суи маъмурони интизомӣ боздошт шудаанд.
Полковник Раҳимбоев гуфт, мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд алайҳи ин 2 донишҷӯ тибқи 189 ва 307 Қонуни кайфарии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯр барҳам задани сохтори қонунии давлати Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Идораи умури дохилаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир боз 4 тани дигар аз ҷавонони сокини маркази устони Суғд бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳизб-ут-Таҳрир аз ҷониби кормандони амниятиву интизомии ин устон боздошт шудаанд ва нисбат ба онҳо тафтишоти пешакӣ бурда мешавад.
Дар тӯли соли равон мақомоти вилояти Суғд тақрибан 40 сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд ва аз ин шумор ҳудуди 30 нафар зиндонӣ шудаанд.
Дар моҳи гузашта додгоҳи вилояти Суғд як гуруҳи бистнафарии ҷавонони сокини шаҳри Хуҷандро бо ҷурми узвият дар Ҳизби Таҳрир аз дувуним то ҳашт сол ҳукми зиндон дода буд.
Яке аз ин маҳкумшудагон Олег Немчинов, табаъаи рустабори Тоҷикистон ва дигарӣ корманди собиқи мақомоти амниятии вилояти Суғд будааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG