Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 27 феврал таъйин шудааст


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон рузи баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагонро 27 феврал ва рузи интихоботи Маҷлиси Миллиро тақрибан як моҳ баъд - 24 марти соли 2005 таъйин намуд.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот гуфт, бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар зарфи се рузи оянда мувофиқи Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи парлумон ҳайати Комиссияи марказии интихобот ташкил шуда, аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон раис, муовини раис ва аъзои ин ниҳод интихоб карда хоҳанд шуд: "Дар давоми 5 руз баъди таъйини интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот, ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот то 18 декабри соли 2004, на дертар аз 23 декабри соли 2004 ташкили комисияҳои интихоботи оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқ дар вилояти Бадахшони Куҳӣ, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, оид ба интихоботи маҷлиси намояндагони маҳаллӣ, чӣ хеле ки дар қонун омадааст, на дертар аз 10 руз баъди таъйини интихобот мувофиқи моддаи 10 қонуни кониститутсионӣ дар бораи интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ташкил карда мешавад."
Ҳамин тавр, пас аз 75 рузи эълони интихобот маъракаи раъйдиҳии интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон баргузор мегардад.
Бар асоси хабари Комиссияи марказии интихобот, дар сартосари кишвар 41 ҳавзаи инфиродӣ ва як ҳавзаи умумиҷумҳуривӣ ташкил шуда, барои 3 миллиону 100 ҳазор афроди қобили раъй 3 000 минтақаҳои раъйдиҳӣ дар вилояту навоҳии кишвар фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, намонядагони 6 ҳизби сиёсии расмиии кишвар омодагӣ доранд барои таъйини номзадҳои худ ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон дар авохири ҳафтаи равон анҷумани ҳизбӣ баргузор кунанд.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG