Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти пурсарусадои додситони кулл


"Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ қасд доранд авзоъи сиёсии даҳаи ахири қарни гузаштаи Тоҷикистонро дубора ба вуҷуд оранд." Ин суханонро Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе вақте баён дошт, ки 0 дар пойтахти Тоҷикистон бо хабарнигорон дар иртибот ба боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Маскав суҳбат мекард.
Оқои Бобохонов аз ҷумла гуфт: "Бархе аз созмонхои байналмилалӣ маблағ медиҳанд, ки моро боз ба вазъияти соли 1992 биоранд. Ин кор дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешавад, халқи мо фаҳмидааст."
Аммо додситони кулли кишвар аз бурдани номи мушахасси кадом як созмони байналмилалӣ, ки нияти нооромии авзоъи сиёсии Тоҷикистонро дошта бошад, парҳез кард.
Ин дар ҳолест, ки тавассути нашрияҳои ҳукуматӣ - "Ҷумҳурият" ва "Садои Мардум" алайҳи фаъолияти бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бунёди Сорос ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) матолибе мунташир ва дар онҳо таъкид шудааст, созмонҳои мазкур маблағҳои имдодии худ ба ин ва ё он созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва нашрияҳои озодро бо аҳдофи муайян ва муғризона ироа мекунанд.
Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки дар оғози моҳи ҷорӣ бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мулоқот мекард, дар посух ба мунаққидини фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ гуфтааст, онҳое, ки мегӯянд, талоши ниҳодҳои демократӣ ва татбиқи озодӣ ва арзишҳои демократӣ боиси ҷангии нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мешавад, сахт иштибоҳ мекунанд. Сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки матни сӯҳбаташ дар шумораи ахири ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" интишор шудааст, чунин изҳори назарҳоро дур аз ҳақиқат ва беасос талаққӣ карда, вале ҳамзамон таъкид мекунад, фаъолияти зиддидемократӣ ва интихоботҳои ғайримунсифона мунҷар ба норозигиҳои шаҳрвандон мешавад.
Аммо Андрей Шугуров, иҷрокунандаи вазифаи раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе зимни тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вай дар таассуф аст, ки аз забони додситони кулл як чунин баёния садо додааст. Вай гуфт, миссияи маркази САҲА ҳамроҳ бо дафтари мусоидат ба таҳкими сулҳи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон, тибқи ваколате, ки доранд, фақат ба таҳкими суботи сиёсӣ , рушди озодӣ ва арзишҳои демократӣ дар ҷомиа нигаронида шудааст. Вай гуфт, ин ду созмони байналмилалӣ дар роҳи баҳамоии ҷавониби даргир дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.
Оқои Шугуров мегӯяд: "Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳеҷ ҳолат қасди пешбурди фаъолияти зиддиҳукуматӣ ва ё зидди мардуми Тоҷикистонро надорад. Ва ин изҳоротро ба виҷдони ҷаноби Бобохонов ҳавола мекунем."
Ва аммо назари коршиносони маҳаллӣ дар мавриди фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон яксон нест. Бархе аз ин коршиносон мӯътақиданд, ки ба маҳзи фаъолият ва пуштибонии ин созмонҳо дар кишвар як каме таҳаввулот дар самти риояти арзишҳои демократӣ ва озодии сухан ба вуҷуд омадааст. Ба ҳамин далел, мақомот мехоҳанд доманаи фаъолияти ин созмонҳоро маҳдуд созанд.
Аммо Нуралии Давлат, коршиноси мустақили точик мӯътақид аст, додситони кулли кишвар дар ҳоле як чунин баёнияро содир кардаст, ки асос ва санадеро дар ин робита дар ихтиёр дорад. Оқои Давлат мегӯяд: "Ман фикр мекунам, прокурори генералии Тоҷикистон дар дасти худ ягон санад дорад.Ба хотири он ки Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ равобити хубу зич ва густарда дорад, ба ҳар сурат, дар ин масъала ҳар чӣ зудтар рушанӣ андохта шавад."
Оқои Давлат меафзояд, азбаски Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии зиёд равобит дорад, чунин баёния дар сурати ҳар чӣ зудтар мушахас нашуданаш муҷиби нигаронӣ ва тардиди ин созмонҳо дар идомаи равобит бо ҳукумат хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон ба хабарнигорон итминон дод, ки далоили фаровон дар ихтиёр дорад, аммо танҳо баъди таҳқиқ ва пажӯҳиши такрории мақомоти бозрасӣ ва таъйиди онҳо дар хусуси ном ва фаъолияти созмони байналмилалии мушаххас иттиллоъ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG