Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандон ҳуқуқи худро намедонанд, на дар Хуҷанд, на дар Кӯлоб


Сайёфи Мизроб (Кӯлоб) Маъсум Имомов (Хуҷанд)

Маъсум Имомов, Хуҷанд:

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар минтақаи Суғд, бо наздик расидани интихоботи порлумонии кишвар аз поймол шудани ҳуқуқҳои худ шикоят мекунанд. Додоҷон Ёқубов – сарвари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: «Мо мехостем, ҳукумат бо ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи қонун муомила бикунанд. Нисбати ҳизби мо ҳарчанд аз ҷониби мақомоти Суғд қонуншиканӣ сурат нагирифтааст, аммо нисбати ҳизбҳои демократӣ, сотсиал- демократӣ, ҳатто нисбати ҳизби сотсиалистӣ дар заминаи ҷудоиандозӣ дар байни аъзои ин аҳзоб ва паст кардани нуфузи сиёсии онҳо ҷой дорад.» Аммо ба назари Муҳаббат Ҷӯраева – сарвари созмони ҷамъиятии «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон» дар шаҳри Хуҷанд, дар минтақаи шимоли Тоҷикистон бештар аз ҳама ҳуқуқи соҳибкорон барои фаъолияти озодона нақз мешавад: «Ман чунин як факти аҷоибро мушоҳида кардаам, ки дар ҳоли ҳозир 55 ниҳоди давлатӣ ҳуқуқи тафтиши фаъолияти соҳибкорро дорад. Агар ҳар як соҳибкорро 55 рӯзи корӣ мавриди тафтиш қарор диҳанд, пас, вай чӣ тавр метавонад кор кунад. Ва дар ин ҳолат мо чӣ тавр метавонем гӯем, ки фардо ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол мегардад ва аз нигоҳи иқтисодӣ пурқувват мегардад.»
Аз нигоҳи ҳуқуқшиносони мустақили Суғд, пастии савияи дониши ҳуқуқӣ сабаби сари ҳар лаҳза бо шикастани ҳуқуқи худ рӯ ба рӯ шудани аксари сокинони оддии Суғд мегардад. Вакили мустақил - Файзинисо Воҳидова: «Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳуқуқи инсон асосан аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ поймол мешавад. Ба сабаби надонистани қонун. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ҳомиёни ҳуқуқ, кормандони гумрук, пулиси андоз дидаву дониста ҳуқуқи шаҳрвандонро бо истифода аз он ки онҳо аз ҳуқуқи худ ба тариқи конститутсионӣ ҳимоят карда наметавонанд, поймол мекунанд».
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос, Муҳаббат Ҷӯраева, барои боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолияти ҳуқуқшиносон ва вакилони дифоъи мустақилро аз тариқи расонаҳои хабарӣ муассир мешуморад: «Ба мо, ҳуқуқдонхо имрӯз зарур аст, ки аз тариқи телевизиону радио ва матбуоти чопӣ бештар оиди ҳуқуқи башар маълумот дихем. Инчунин, қонунҳои нав ва қонунҳои амалкунандаро ба мардум бештар шарҳ диҳем ва фаҳмонем».
Вале Абдусамад Султонов, сарвари маркази «Ҷавонон ва тамаддун» бо ишора ба он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигари муштаракулманофеъ дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд, мегӯяд, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон вазифаи давлати Тоҷикистон аст.

Сайёфи Мизроб, Кӯлоб:

Бо ибтикори Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рӯзи ҳуқуқи башар бо дав ба 3000 метр ҷашн гирифта шуд. Ва аммо профессори низоъшинос, доктор Алимӣ- сарвари созмони ҳуқуқдии «Параллакс» бар ин назар аст, ки дар шаҳр аксарияти мардум ҳарчанд садҳо километр даванд ҳам ҳуқуқи маъмултарини худро намедонанд: «Ростӣ, агар мо як микрофон гирем ва бо шумо ба кӯча баромада, бо сокинони шаҳр мусоҳиб шавем, муайян мекунем, ки аксарияти мардум на танҳо ҳуқуқи худро дифоъ карда наметавонанд, балки онҳо аз ҷузъитарин ҳуқуқи худ, ки Конститутсия барои онҳо муайян кардааст, бархурдор нестанд ва чизеро дар ин бора намедонанд»
Ба унвони мисол, дар шаҳр духтарони ноболиғро волидайн ба шавҳар медиҳанд ва гумон доранд, ки барои онҳо ғамхорӣ зоҳир кардаанд. Назокат Қурбонова - раиси идораи сабти ҳолоти шаҳрвандӣ ё худ ЗАГС-и Кӯлоб мегӯяд: « Синни издивоҷро Қонуни Асосии ҶТ аз 17 солагӣ муайян кардааст. Аммо бисёр ба назар мерасад, ки падару модарон ҳатто шаҳодатномаи духтари худро надида, ё онро пинҳон карда, ноболиғонро ба шавҳар медиҳанд. Аз ин рӯ, мо ба муллоҳои никоҳгар муроҷиат карда, пешниҳод кардем, ки қабл аз никоҳи шаръӣ онҳо аз духтарон шаҳодатномаи таваллудро талаб кунанд»
Дар ҳамин маврид, ҷашнвораи 2700 солагии Кӯлоб садҳо хонаводаро бехона кард. Онҳоро мекӯчонанд. Тариқи ихтиёран маҷбурӣ. Кӯдакон мегӯянд, аз канори ҳамсолон кӯч бастанӣ нестанд. Калонсолон ҳам. Аммо илоҷ надоранд. Сокинони кӯчаи Чармгарони Поён мегӯянд: « Моро иҷборан бехона кардаанд. Дар ҷои хонаҳои мо Қалъаи Кӯлобро месозанд. Ба мо пул додаанд, ки аз дигар ҷо хона харем. Аммо мо аз ин мавзеъ, ки солҳои тӯлонӣ зиндагонӣ доштем, рафтан намехоҳем.»
Миралӣ Юлдошев- садри созмони « Ҳуқуқ ва Шафқат» мегӯяд, дар зиндонҳои мавзеъ ҳуқуқи марзшиканони афғон поймол мегардад: «Афғонҳои зиндонӣ аслан саводи хондан надоранд. Онҳо оддитарин ҳуқуқи худро намедонанд. Намедонанд, ки дар ҳафта як бор аз зиндон бояд ба хешовандон мактуб нависанд, нома гиранд ва барои дифоъи ҳуқуқӣ бояд ҳимоятгари ҳуқуқӣ-адвокат дошта бошанд.»
Ва аммо мушкили умда ва ҳалношуди тамоми сокинони водии Кӯлоб-адами қувваи барқ аст. Интиқоли барқ дар рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар низ дар минтақа қатъ гардид. Радиову ТВ, почтаву телефонҳо куллан аз фаъолият монданд ва касе нагуфт, ки ҳуқуқи оддитарини мардум поймол шуд.
Дар деҳоти минтақа кишоварзон имсол ҳам пули пахтаи чидаашонро ба пуррагӣ нагирифтанд. Бо қисмате аз деҳқонҳо хоҷагиҳо бо ғӯзапоя ҳисобӣ карданд.
XS
SM
MD
LG