Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байни Душанбеву Маскав созишномаи ҳамкории марзӣ имзо шудааст


Шоми панҷшанбе, 9 декабр дар сохтмони сафорати Русия дар шаҳри Душанбе расми имзои созишномаи марбут ба масоили ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
Ҳайъати Русияро дар ин маросим раҳбари хадамоти марзбонии он кишвар генерал Владимир Проничёв намояндагӣ мекард.
Қарор аст, акнун дар Тоҷикистон як гуруҳи фаврии марзбонии Русия ва як ҳайъати мушовирони марзбони рус таъсис дода шавад. Нуралишоҳ Назаров, муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар пай гуфт, ки бар пояи тавофуқи имзошуда дар ҳар гуруҳи марзбонии мустақар дар қисмати бадахшонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудудан 3 мушовири марзбони рус ифои вазифа хоҳанд кард.
Имзои ин созишнома марҳалаи аввали ба марзбонони тоҷик таҳвил ёфтани масъулияти ҳифозати 881 километр тули марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар қисмати Бадахшонро нуқтаи таммат мегузорад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG