Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 000 000 $ кумаки EBRR барои "Тоҷикпромбонк"


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар чаҳорчуби барномаи маблағгузории корхонаҳои хурду миёна ба хотири мусоидат ба тавсиъаи тиҷорати хурд дар Тоҷикистон як кумаки думиллиондоллариро дар ихтиёри "Тоҷикпромбонк" қарор медиҳад.
Ин маблағ бояд акнун ба муассисаҳое қарз дода шавад, ки дар риштаи тиҷорати хурд фаъолият мекунанд.
Барномаи мазкури Бонки Аврупоӣ аз моҳи ноябри соли гузашта дар маърази иҷро қарор дорад ва то кунун ин барнома тавассути ду бонки "Эсхата" ва "Тоҷиксодиротбонк" амалӣ мешуд.Ин ду бонк дар авоили соли ҷорӣ аз Бонки аврупоӣ мутаносибан 1 ва 2 милён доллар кумак гирифта буданд.
Ношири ин хабар, ожонсии ИТАР-ТАСС менависад, ки Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд то кунун дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 2 000 тоҷирро ба маблағи 5 400 000 доллар кумак ва мусоидат кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG