Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои хабарии Хатлон ва интихоботи оянда


Барот Юсуфӣ

Мушовири Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, журналисти итолиёвӣ Андре Лорш, баъд аз анҷоми нишастҳои омӯзишии хабарнигорон дар вилояти Хатлон гуфт, қисмати бештарини журналистон ва ҳамчунин муассисони воситаҳои ахбори умуми вилоят мушаххас накардаанд, ки дар маъракаҳои интихоботӣ кадом вазифаҳоро ба иҷро хоҳанд расонд. Ба гуфтаи ӯ, ин иллат танҳо хоси Хатлон, дар маҷмӯъ Тоҷикистон нест, балки вижагиҳои журналистикаи замони шӯравист, ки то ҳанӯз ҳамчун мерос дар Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст: "Имрӯз ва қаблан ҳам дар нишастҳои омӯзишӣ хабарнигорони расонаҳои давлативу мустақили Тоҷикистон ширкати фаъол доштанд. Тавре мушоҳида кардам ва ин барои ман бисёр гуворо аст, ки баъд аз нишастҳои омӯзишии қаблан баргузоршуда, дар мавриди мушаххас намудани нақши журналист ва воситаи ахбор зимни маъракаҳои қаблазинтихоботӣ дар идораҳои васоити ахбор сӯҳбатҳо воқеъ шудааст. Журналистон низ то андозае фаъол ба назар мерасанд ва талош доранд зимни баргузории маъракаҳои қаблазинтихоботӣ вазоиф ва нақши худ, инчунин идораи воситаи ахборро муайян намоянд."
Оқои Лорш меафзояд, иллати аслии ин мушкили хабарнигорон ва воситаҳои ахбори умум дар Осиёи Марказӣ он аст, ки воқеан ҳам ҷомеаи ин кишварҳо нисбат ба понздаҳ соли қаблӣ куллан дигаргун гаштааст. Ин дар ҳолест, мегӯяд ӯ нақше, ки воситаи ахбор ва журналист дар Иттиҳоди шӯравӣ дошт, аз нақш ва вазоифи он дар кишварҳои Ғарб ба куллӣ мутафовут буд. Ба эътиқоди оқои Лорш журналистикаи замони шӯравӣ муваззаф буд, инсонро тарбият кунад, ӯро тағйир диҳад. Аммо дар ғарб меафзояд ӯ қаблан ва феълан низ расман эътироф шудааст, ки инъикоси гуногунандешӣ дар воситаи ахбори умум аз омилҳои аслии демократия ба шумор меравад.
Ин дар ҳолест, ки гуфт оқои Лорш, Тоҷикистон бо шумули дигар кишварҳои шӯравии собиқ ба демократия рӯ овардааст, қонунҳои эътирофшудаи демократиро дар кишварҳои худ роҳандозӣ кардаанд. Аммо, мегӯяд ӯ, вазъи мушкили иқтисодӣ, сиёсӣ, эътирофи аудиторияи воситаи ахбор ва сиёсатмадорон, инчунин ҳукуматдорон ба нақши муассир доштани хабарнигорон ва васоити ахбори умум дар ҷомеаи ин кишварҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG