Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Занон дар баробари HIV осебпазиртаранд


Соҷидаи Мирзо

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннон гуфт: "Рузи байналмилалии мубориза бо HIV/AIDS ва ё СПИД фурсати мувофиқест барои эътирофи ин воқеъият ки занҳо чӣ бори вазнинеро дар дӯш доранд ва ҳамчунин фурсатест барои таҷлили воқеъияти дигар, ки занҳо дар мубориза бо СПИД пешсаф шудаанд". Аннон афзуд, дар ҳамин ҳол табъизи занҳо дар чанд самт идома дорад, аз ҷойи кор то қонунҳое ки дастрасии онҳоро ба замин ва мерос маҳдуд ва гирифтори ба бемории Спид вазъи бе ин ҳам мушкили занҳоро печидаву хатарноктар мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ оиди густариши СПИД дар саросари ҷаҳон аз афзоиши бенамунаи вируси HIV дар байни занонону духтарон гузориш дод ва гуфт, қариб нисфи 39 миллион нафар гирифторони СПИДро занону духтарон аз 14 то 49 сола ташкил додааст. Маълум шудааст, ки занҳо аз ҷиҳати биологӣ заъифу ҳассосад ва аз тарафи дигар сирояти HIV аз мард ба зан ду баробар нисбати сироят аз зан ба мард бештар аст. Ҳамаруза миллионҳо занону духтарон бидуни дастрасӣ ба васоили пешгирикунанда аз HIV алоқаи ҷинсӣ мекунанд. Занон ҳақ надоранд аз мардҳо истифодаи кондомро талаб намоянд. Ҳатто дар ҳолатҳое ки гирифтории шавҳар ё маъшуқ ба вирус тасдиқ шуда бошад. Бархи дигар ҳангоми таҷовуз ба номус сироят мешаванд. Бо ин ҳама маҳдудияту зуроварӣ бадбахтии дигар ин аст, ки дар баъзе давлатҳо занҳои гирифтори HIV стрелизация ва аз ҳаққи модар будан маҳрум мешаванд ва ҳама аз онҳо ҳазар мекунанд.
Пӯшида нест, ки беморӣ ҳамчун дигар маризиҳои вогир бештар ҷанбаи иҷтимоӣ дорад ва бештар ба қишри бебизоати аҳолии кишварҳо таъсир мегузорад. Доктор Петер Пиот раиси муассисаи Созмони Милал дар умури мубориза бо СПИД мегуяд нисфи занҳо дар ҷаҳон бо ҳуқуқи камтар аз ду доллар дар як руз ба сар мебаранд, сатҳи бесаводӣ дар байни занҳо дар аскар кишварҳо дар муқоиса бо мардҳо бештар буда аксари онҳо ба замин ва моликияти дигар дастрасӣ надоранд. Қонунҳои меросӣ ва қонунҳои ҷиноӣ заиминаро барои бартарии мард бар зан фароҳам овардаанд. Ва ба гуфтаи у ҳамаи ин воқеъиятҳо дар алоҳидагӣ занро дар баробари HIV заъфпазир кардаанд. Пиот мегуяд, агар ҷаҳон мехоҳад пеши роҳи уфунро бигирад зарур аст, ки стратегияи баробарҳуқии ҷинсӣ, дастрасии занон ба таълиму маориф, ҷойи кор ва моликияту мерос таъмин бошанд.
Соҷидаи Мирзо
XS
SM
MD
LG