Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД як нафарро дар Кулоб кушт


Рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ як ҷавони 30- солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки гирифтори ангезандаи бемории СПИД буд, фавтид. Дар маркази мубориза алайҳи СПИД гуфтанд, ки ин барои нахустин бор аст, ки дар водӣ як нафар бо ин иллат аз олам даргузашт. Абдулло Шермадов- садри маркази мубориза ба зидди СПИД ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб 37 нафар бо иллати гирифторӣ ба ин мараз номнавис шудаанд, ки синни онҳо аз 20 то 40 сола аст: «Ҳашт нафар соли гузашта ва 29 нафар имсол ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 34 нафарашон дар шаҳри Кӯлоб зиндагонӣ мекунанд. Воқеан, дирӯз ҳам як нафар маризи дигарро аз ноҳияи Данғара ба қайд гирифтем.»
Абдулло Шермадов меафзояд, аксари мӯътодон, ки ҳамакнун гирифтори ангезандаи СПИД шудаанд, аз марокизи боварӣ, ки январи соли 2003 дар водӣ таъсис ёфтаанд, барои истеъмоли ҳероин сӯзандору мегирифтаанд: «Дар Кӯлоб марказҳои боварӣ вуҷуд доранд. Ҳар марказ 3 нафар нарковолонтёр дорад. Волонтёр, ё худ ёрдамчиёни ихтиёрӣ, ки худ ҳам дар собиқ наркоман будаанд, мавриди боварии нашъамандонанд ва тавассути онҳо ин марказҳо ба мӯътодон сӯзандорӯи ройгон барои истифодаи ҳероин тақсим мекунанд.» Аз теъдоди умумии гирифторони Эйч Ай Ви 5 нафарашон зан мебошанд, ки аз шавҳар сироят дидаанд.
Саёфи Мизроб, Кулоб
XS
SM
MD
LG