Ҷумъабой Ниёзов - сарвари бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, аз он ки дар ҷараёни интихоботҳо дар ин кишвар аз шумориши раъйҳо на аъзои комиссияҳои интихоботӣ дар маҳал, балки мақомоти ҳукуматӣ натиҷагирӣ мекунанд, ба баргузории шаффофу демократии интихоботи оянда хушбин нест. Оқои Ниёзов дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт:
«То замоне, ки ваколатҳои комиссияҳои марказӣ ва ҳавзавӣ дар маҳалҳо ба дасти худи комиссияҳо вогузор нашавад ва дар ҳоле, ки комиссияҳои интихоботӣ зери назорату фишори ҳукуматҳои маҳалливу марказӣ мебошанд, дар бораи озоду шаффоф гузаштани интихоботҳои оянда дар Тоҷикистон ҷои фикру хаёл ҳам нест. Протоколҳои шумури раъйҳо пеш аз он, ки аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ тасдиқ гарданд, аввал аз назари мақомоти ҳукуматӣ мегузаранд ва танҳо баъди тасмими мақомот дар нимашаб ва ё саҳар барои тасдиқ ба комиссияҳо пешниҳод мешаванд. Протоколҳо бо қалами ранга пур карда намешаванд, балки бо қалами оддӣ, ки онро бо хаткуркунак пок кардан мумкин аст. Ва шумораи дастҳои тақаллубкор аз соли 2000-ум, интихоботи парламентии гузашта то имрӯз хеле зиёд шудаанд.»
Сарвари демократҳои Суғд афзуд, аз он рӯ, ки аксари кулли мақомоти Суғд, чун дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз Ҳизби халқӣ - демократӣ ва ё ҳизби ҳукмрон намояндагӣ мекунанд ва мақоми раисии вилояту шаҳру навоҳии кишвар бо маснади сарварии ҳизби мазкур тавъам аст, мудохилаи ҳукуматҳо бар кори комиссияҳои интихоботӣ низ зимни баршумурии раъйҳо бар манфиати номзадҳои ин ҳизб сурат мегирад. Ва ин амали мақомот ба гуфтаи оқои Ниёзов, ҳуқуқи аҳзоби дигарро барои соҳиб шудан ба овози раъйдиҳандагон зери по мегузорад. Ба унвони мисол, дар интихоботи миёндаврӣ ба парлумони кишвар дар тирамоҳи соли гузашта, дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Конибодом намояндаи Ҳизби демократ бар номзади ҳизби ҳукмрон пирӯз шуд, аммо мақомоти Конибодом комиссияи ҳавзавии маҳалро маҷбур намуданд, аз ҷой доштани тақаллубкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ ба додгоҳ шикоят барад ва ба бекор намудани натиҷаи интихобот муваффақ гардад.
Вале Анвар Ҷалилов - муовини сарвари раиси Ҳизби халқӣ - демократӣ дар вилояти Суғд ин иддаои лидери демократҳои вилоятро бепоя хонд:
«Дар сохторҳои ҳукуматӣ аз поён то боло намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият карда истодаанд. Бигзор халқи Тоҷикистон, ки он имрӯз мардуми соли 1992 нест, худ ба хулосае омада, ба ҳар кас кӣ хоҳад, овоз диҳад. Ман боварӣ дорам, ки дар интихоботи оянда барои ҳар як ҳизби сиёсии Тоҷикистон имкониятҳои баробар фароҳам оварда хоҳад шуд.»
Аммо Додоҷон Ёқубов - сарвари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, бо боло рафтани маоши ҳадди аққал маблағи пешпардохти номзадҳо барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ низ зиёд шудааст ва ин ҳол аҳзоби сиёсиро, ки аз нигоҳи аъзову ва сармоя имконоти баробар надоранд, ҷиҳати ширкат дар интихоботи парламентии соли 2005 низ дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад:
«Маблағи пешбарии як номзад ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон имрӯз тақрибан 800 доллари амрикоӣ аст ва шояд номзадҳои мо чунин маблағро пайдо карда натавонанд.»
Аммо гуфт, оқои Ёқубов, Ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд тавони соҳиб шудан ба 20 - 25 дар сади овозҳоро дар интихоботи ояндаи парлумонӣ дорад. Ҳизби мазкур бо беш аз 3 ҳазор аъзо дар байни бахшҳои аҳзоби дигари Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷиҳати шумораи аъзо мавқеи сеюмро ишғол мекунад. Дар ҷои дуюм бо тақрибан 20 ҳазор ҷонибдор Ҳизби коммунист меистад ва дар мавқеи аввал ҳизби ҳукмрон қарор дорад, ки шумораи аъзояш беш аз 30 ҳазор гуфта мешавад.