Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ба нафъи як кас, Русияравии бачаҳо ва хашми депутатҳо


ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ ПИСАНДИ "НАҶОТ" НЕСТ

Дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар Тоҷикистон нашрияи «Наҷот» бо интишори матлабе таҳти унвони "Аҳзоби Тоҷикистон ҳуқуқи баробар надоранд" ба мавзӯъи мушкилу имконоти ҳизбҳои сиёсии ин кишвар пардохтааст. "Наҷот" навиштааст, ки бар асоси Қонуни нави интихоботи Тоҷикистон 6 ҳизби расмии ин кишвар аз имконоти баробари ҳуқуқӣ бархурдоранд. Аммо ба назари муаллифи мақола вазъи кунунии кишвар ба аҳзоби мухолифи давлат имкон намедиҳад, ки аз имконоти баробари ҳуқуқӣ истифода намоянд. Қонуни феълии интихоботи Тоҷикистон тавре таҳия шудааст, ки он дар маҷмӯъ истифодаи имконот ва сӯистифодаҳои бебаркашро танҳо дар ихтиёри ҳизби ҳоким қарор додааст. Гузашта аз ин тамоми ниҳодҳои давлативу расонаҳои хабарии расмӣ дар талоши онанд, ки танҳо ба ҳизби ҳоким мусоидат намоянд. "Наҷот" натиҷагирӣ менамояд, ки бо ин ҳама Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон на аз рӯи фаъолият ва маҳбубият, балки аз рӯи имконот дар чашми мардум ва ҷомеа назаррас менамояд.

ВА МАҚОЛАИ "ТОҶИКИСТОН" БА ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ
Ҳафтавори «Тоҷикистон» таҳти унвони «Рейтинг ва ё Тарозӯи шӯҳрат» дар шумораҳои қаблии худ овози интихобкунандагонро ба ҷонибдории вакилони мардумӣ ба нашр расонида буд. Дар шумораи ахир низ нашрия ба ин мавзӯъ рӯ овардааст. Сармуҳаррири «Тоҷикистон» навиштааст, ки «Тарозуи шӯҳрат» аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуд ва даҳҳо нома унвонии идораи нашрия ирсол гардид. Аммо аз ҷониби иддае аз вакилони мардумӣ сару садоҳое, аз қабили «Моро таҳқир накунед» «Ӯ кист, ки аз ман овози зиёд гирифтааст?», «Муҳаррирро даъват намуда, муҳокима кунед», шунида шуданд. Ба эътиқоди муаллифи матлаби «Тоҷикистон» роҳандозии рубрикаи нав як иқдоми муққаррариест, ки тавассути он вакилони мардумӣ бояд ҳамчун деҳкон ба ғалбери худ назар андозанд ва бубинанд, ки дар дохили ин ғалбер чӣ ҳаст.

"ЗИНДАГӢ": ҚАРОРДОД ИМЗО ШУД, ХАЙР ЧӢ?

«Оча Русия мерам» унвони навиштаест, ки ҳафтавори "Зиндагӣ" дар он ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пардохтааст. Муаллифи матлаб бо интиқод аз тавофуқи ахири Русияву Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирони кории тоҷик навиштааст, ки агар дақиқ назар шавад, ин шартнома ба аксари мардикорони тоҷик чизе намедиҳад. Бо вуҷуди ба имзо расидани қарордоди тарафайн навиштааст, «Зиндагӣ» баъид ба назар мерасад, ки дар Русия аз ин баъд вазъи ҳуқуқии мардикорони тоҷик беҳтар гардад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG