Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умри ҷавонон дар мулки бегона,бо кори сахт ва бемориҳо мегузарад


Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Танҳо як деҳаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки тақрибан 3 ҳазор сокин дорад, дар давоми солҳои ахир ба иллати муҳоҷирати кории саросарии ҷавонони ин маҳал ба Русия шаш қурбонӣ додааст. Як навҷавон ва як ҷавонзани понғозӣ аз тири силоҳи як дастаи табаҳкори нашъаманд дар минтақаи Арамил, наздик ба шаҳри Екатеринбурги Русия кушта ва чаҳор ҷавонмарди дигари ин маҳал бар асари бемориҳои сахт аз ҷони худ ҷудо гаштаанд.
Як табиби маҳаллӣ бо номи Абдурауф сабаби аслии марги ҷавононро ба зиндагӣ ва кори онҳо дар Русия вобаста медонад: «Шароити бади зисти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ман бо чашми худам дидаам, мардикорон дар таҳхонаҳо, дар гаражҳо зиндагӣ мекунанд, намнокиву рутубат, рӯзи кории пурмашаққати давомнок, то 12- 14 соат ва ғизои кам - ҳамаи ин ҷисми онҳоро хароб мекунад. Чаҳор ҷавон аз деҳаи мо, ки ба вилояти Ханти - Мансии Русия ба коркунӣ рафта буданд, ба бемориҳои захми меъда ва саратон печиданд ва баъди бозгашт фавтиданд».
Ба гуфтаи сокинони деҳаи Понғоз, саду бист километрии шимоли Хуҷанд, ҳафтод дар сади ҷавонон гоҳе ҳатто бо оилаҳои навташкили худ барои кор ба Русия мераванд. Ва ин ҳолат на танҳо дар ноҳияи Ашт, балки дар манотиқи дигари кӯҳистонии Суғд, Айниву Кӯҳистони Масчо ва Ғончӣ низ зиёд аст.
Пизишкони Беморхонаи вилоятии амрози пӯст ва бемориҳои зӯҳравӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, солҳои охир теъдоди гирифторони ин бемориҳо дар байни муҳоҷирон ба маротиб афзудааст. Аммо ҳамсӯҳбати дигари ман Юсуфҷон мегӯяд, ҳарчанд мусофирати корӣ ҷавонони Суғдро дар кишварҳои олам саргардону пароканда кардааст, вале аз як ҷиҳат барои ҷавонони муҳоҷир муфид низ будааст: «Муҳоҷирати корӣ фикри ҷавонони моро ҳам дигар карда истодааст, ки дар давраи мо бе наомӯхтани ягон касбу кори аниқ ва бе ҳаракат як зиндагии нағзро барои худ муҳайё кардан имкон надорад. Ҳозир бисёр касоне, ки дар Русияву кишварҳои дигар мардикорӣ мекунанд, масалан, бинокориро ба дараҷаи аъло аз худ кардаанд. Чунки дар Русия ҳам байни мардикорон рақобат сахт аст. Аммо мутаассифона, ҳукумати диёри худамон аз ин ҳунари ҷавонон истифода намекунад».
Аз як муҳоҷири ҷавонм аштӣ мепурсам, оё беҳтар нест дар Русия на танҳо машғули ҷустуҷӯи кор бошанд, балки имкони таҳсил низ пайдо намуда, соҳиби диплом гарданд? Вай гуфт: «Онҳое, ки коркунӣ мераванд, фикру ёдашон ба аҳли оилаашон банд аст, то музде пайдо карда, зиндагии онҳоро сабук гардонанд. Барои ҳамин аз пайи таҳсил намешаванд. Аз тарафи дигар, ин кор бе маблағи бузург ба даст намеояд».
Вай афзуд, ба хамин иллати тангдастӣ қисмати бештари муҳоҷирон дар ватан низ наметавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ даст зананд.Танҳо ба теъдоди ками онҳо дар ин роҳ пешрафт мекунад.
XS
SM
MD
LG