Бо иқдоми шахсии Мирзошоҳи Акрамшоҳ як тан бостоншиноси маҳаллӣ дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт як осорхонаи бостошиносии минтақавӣ таъсис ёфтааст. Осорхонаи мазкур дар водии Рашт аввалин ва ягона осорхонаест, ки дар он беш аз 400 нигораи қадимаву нодир, ки ҳамагӣ баёнгари зиндаи расму ойин ва таъриху фарҳанги гузаштаи мардуми ин минтақаанд, ба намоиш гузошта шудааст.
Муассиси осорхона Мирзошоҳ аз рӯи тахассус коршиносои соҳаи кишоварзист, аммо ишқи зиёд ба таъриху фарҳанги диёр ӯро аз давраи мактабхонӣ водор ба ҷамъоварии осори таърихии Раштонзамин ва дар ниҳоят ташкили як осорхонаи кӯчак, вале хеле пурарзиш дар манзили хеш намудааст. Мирзошоҳ дар ин робита мегӯяд:
«Ман ба хулосае омадам, ки ба хотири эҳтироми мероси гузаштаи мардуми ҳамин диёр, ба хотири он ҳунарҳое, ки дар гузашта маъмул буданд, дар ин манотиқ бояд як чунин осорхонае дар ин ҷо ташкил шавад, то тавассути он, чӣ мардуми минтақа ва чӣ мардуми берун аз таъриху фарҳанги мардуми ин диёр бохабар гарданд. Фикр мекунам, будани осорхонаи бостоншиносӣ дар водии Рашт эҳсоси посдории таъриху тамаддуни маҳаллиро дар миёни насли наврас зинда нигоҳ медорад. Маҳз ба ҳамин хотир ман худ иқдом ба ҷамъоварии нигораҳои қадима намудам.»
Ба эътиқоди Мирзошоҳ, водии Рашт таърихи қадима дорад, вале кам таҳқиқ шуда, дар ин диёр ҳанӯз ковишҳои зарурии бостошиносӣ сурат нагирифтааст. Дар осорхонаи Мирзошоҳ нигораҳои зиёде аз қабили силоҳ, кӯзаву зарфҳои қадима ва ҳамчунин даҳҳо намуд ороиши занона нигаҳдорӣ мешаванд, ки онҳоро муассис аз мардуми маҳаллӣ ҷамъоварӣ намудааст. Муассиси аваллин хона-музейи бостоншиносӣ дар водии Рашт мегӯяд, таваҷҷӯҳи меҳмонони хориҷиву дохилӣ ба таърихӣ водии Рашт зиёд аст ва аллакай аз он меҳмононе аз Амрико Полшаву Фаронса аз он дидан намудаанд.
Муассиси осорхона гуфт, то кунун аз сӯи мақомоти маҳаллӣ кӯмаке ҷиҳати таъсиси он дарёфт накардаанд, вале афзуд ягона хоҳиши мо аз эшон на кӯмак, балки он аст, ки ақаллан зимни баргузории маросимҳои фарҳангӣ масъулин аз ёд набароранд, ки як чунин осорхонаи бостоншиносии маҳаллӣ вуҷуд дорад. Муассиси аввалин осорхонаи бостоншиносии водии Рашт дар канори таъсиси осорхона дар масоҳати беш аз 10 ҳектар як боғи зебои ботаникӣ бунёд намудааст ва мегӯяд қасд дорад, дар оянда барои осорхона дар дохили ин боғ бинои дорои шароити хубтареро бунёд намояд.

КАСЕ, КИ КАФЕДРАХОИ ХАРБИРО ХОНДАААСТ, ПЕШНИХОД ШУДААСТ, КИ 12 МОХ ХИЗМАТ КУНАД. КАСЕ КИ НАМЕХОХАД ПУЛ ТИЯД ОЗОД ШАВАД. АГАР ИН ТАВР МЕКАРДАНД ХУБ МЕШУД. КАСЕ, КИ КАФЕДРАИ ХАРБИ ХОНДААСТ 8 МОХ ХИЗМАТ КУНАД БАЪД РОХ ЁБАД БА СОХТОРХОИ КУДРАТИ Ё НАФАРОНЕ, КИ ЧУН ПЕШТАРА 2 СОЛ ХИЗМАТ КАРДААНД ИНХОХАМ МЕТАВОНАНД РОХ ЁБАНД. АММО НАФАРОНЕ КИ НАМЕХОХАНД РАФТАН МАБЛАГРО СУПОРАНД 3 МОХ КУРСИ ХАРБИРО ПАСИ САР КУНАНД СОХИБИ БИЛЕТИ ХАРБИ ШАВАНД АММО ИНХОРО БА СОХТОРХОИ КУДРАТИ РОХ НАДИХАНД.
бехтарин
Ин бахона хуб бахона буд. Хамачо кушода ба гайр аз масчид. Масчидхо бояд дарвакт кушода мешуданд.
Хеле хурсанд шудем.
Максади ами бонк точикистона чазиркарданай хукумата кати халч чанг андохтанияй дигар хечиз лубой одам бояд ин фахма. Ердам кардани боши бе шарт ердам кун максадш дили халк бояд аз давлат мона.