Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансур дар Тоҷикистон


Ҳарчанд ҳаво сарду боронӣ буд, дар назди даромадгоҳи Кохи Борбад пиру ҷавони зиёде ҷамъ омада буданд ва иҷозаи кормандони ҳифзи ҳуқуқро барои вуруд ба толори бузурги консертӣ интизорӣ мекашиданд.
Мансур, овозхони саршиноси ирониро, ки бо ду барномаи консертӣ дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд, мухлисонаш дер боз мунтазир буданд. Он замоне, ки мухлисон мунтазири дидан ва шунидани овозхони дӯстдоштаи худ буданд, Мансур ғайричашмдошти мухлисон ба саҳна бо тоқи гулдӯзӣ ва ҷомаи зардӯзии тоҷикӣ баромад. Мансур тӯли ду соат бо таронаҳои худ имкон намедод, ки ҳозирин дар ҷойҳои худ ором бинишинанд. Мансур дар саҳнаву ҳаводоронаш дар толор кафкӯбӣ мекарданду мерақсиданд.
Дар миёни консерт Мансур ҳудуди 15 дақиқа танаффус намуд ва барандагони консерт Ҳабиб Ҳакимов ва Дориюш миёни мухлисон озмун эълон намуданд, яъне ҳар он нафаре, ки ба се суол посух медод, соҳиби соядасти Мансур мегардид. Яке аз талаботи озмун чунин буд, ки мебоист порае аз ягон таронаи Мансур замзама карда шавад. Шафқати Раҷабиён ва ё худ Дориюш - хабарнигори радиои Бибиси мегӯяд, дар аввал Мансур барои омадан ба Душанбе дудилагӣ мекард, чун хабарҳое, ки оид ба Тоҷикистон шунида буд, ҳарфҳои кӯҳаншудае буданд роҷеъ ба ҷанги дохилии Тоҷикистон ва нооромиҳо дар ин кишвар.

"Вале ман барояш гуфтам, ки агар Тоҷикистон биоӣ, тасаввур бикун, ки нахустин кишвари форсизабон хоҳад буд, ки дарон ҷо консерт мегузорӣ. Зеро Ман сур на дар Ирону на дар Афғонистон консерт нагузоштааст. Ва Мансур мувофиқат кард ва мо тавонистем, ки Мансурро ба Душанбе биёрем."

Мансур 33 сол дорад ва ба муддати бист сол аст, ки сокини Лос-Анҷелос мебошад. Дар тӯли 13 соли фаъолияти эҷодии хеш ин овозхон 7 албомро сабт номидааст. Дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ Мансур гуфт, меҳмондӯстдории мардуми тоҷик ӯро ба ҳайрат овардааст.

«Дафъаи аввал ҳаст, ки ба шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон омадам, ба баҳонаи 80умин таваллуди пойтахти Тоҷикстон ва хеле хушҳол ҳастам ки инҷо ҳастам.Тасаввури ман хеле хеле хеле камтар аз ин муҳаббати буд, ки воқеан дидам аз мардум. Мардуми бисёр пур аз ишқу муҳаббат, шаҳри бисёр қашанг аст, шаҳри Душанбе. Ман хеле хушҳол шудам, ки ин фурсат пеш омад, ки битавонем, биёем ин ҷо дар хизмати азизони тоҷикӣ бошем.»

Ба суоли мо, ки оё шумо дар назар доред, дубора бо барномаи консертӣ ба Тоҷикистон сафар бикунед. Мансур чунин посух дод:

«Ҳатман-ҳатман, хеле дӯст дорам дар фурсатҳои баъдӣ дар чанд моҳи оянда дубора агар фурсат бишавад, баргардем биёем ва дубора барномаҳои васеътар, барномаҳои қашангтар ва беҳтар барои мардуми Душанбе ва дигар азизони тоҷикӣ армуғон биёрем»

Ҳангоми ба охир расидани консерт мухлисон ҳеҷ намехостанд, ки аз толор берун шаванд. Ва шоҳиди сӯҳбати чанд нафаре низ будем, ки мегуфтанд, кош Мансур боз як бори дигар ба Тоҷикистон меомад. Аммо Мансур гуфт, қарор аст дар 2 - 3 моҳи наздик як тӯҳфае ба мухлисони худ бинамояд ки ин низ сабти албоми наваш хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG