Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи Нав" "арзиши фарҳангӣ" надоштааст


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон билохира ба номаи дархостии идораи полиси молиёти кишвар дар мавриди он ки оё нашрияи "Рӯзи Нав", ки дар хориҷи кишвар нашр ва ворид шудааст, арзиши фарҳангӣ маҳсуб мешавад, ё не ва ё адабиёти ин нашрия ба арзишҳои ҳуқуқии Тоҷикистон муғойирате дорад, посух гуфтааст.
Бинобар ҷавобияи вазорати фарҳанг, ба далели он ки нашрияи муосир наметавонад арзиш ва ё мероси фарҳангӣ бошад, комиссияи махсуси вазорат ҳатто аз баррасии ин дархост худдорӣ варзидааст. Вале ба ҳар сурат вазорати фарҳанг аз ироаи чанд тавсия ба идораи молиёт дареғ наварзидааст.
Музаффар Азизов, сардори раёсати мероси фарҳангӣ ва комиссияи махсуси вазорати фарҳанг, дар мавриди посух ба дархости идораи молиёт гуфт, танҳо маводи чопии 50 сол қабл ба чоп расида, сарвати фарҳангӣ ҳисоб мешаванд. Аз ин лиҳоз шумораи пешниҳодшудаи "Рӯзи Нав" чорум ноябри соли 2004-ум нашр шудааст, сарвати фарҳангӣ ба шумор намеравад. Вай афзуд, аз ин ҷиҳат комиссияи вазорати фарҳанг баррасии ин масъаларо ҷоиз нашумурд ва ба идораи молиёт тавсия дод, то барои посух ба суолҳои дигараш ба вазорати адлия муроҷиат кунад.
Аммо бо вуҷуди ин идораи молиёт то кунун иҷозаи тавзеъи "Рӯзи Нав"- ро надодааст ва Раҷаби Мирзо, сардабири нашрия ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ин ғазияро ҳадафмандона тӯл медиҳанд, то ин рӯзнома ба қавли вай "аз ёдҳо фаромӯш шавад." "Рӯзи Нав" нашрияи мустақили Тоҷикистон аст, ки аз соли моҳи августи соли гузашта мунташир мешуд, вале дар моҳи августи соли равон бино ба далели худдории чопхонаҳои дохилӣ аз интишори "он рӯзнома дар чопхонае дар шаҳри Бишкек мунташир шуд, вале ҳангоми ворид намудани тиражи он ба Душанбе дар фурудгоҳи ин шаҳр аз ҷониби полиси андоз боздошт шуд ва се ҳафта ба инҷониб қазияи мазкур идома дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG