Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон


Профессор Рейн Милерсон - мушовири минтақаии ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ ва яке аз аъзои ин ҳайъат гуфт, ҳадаф аз мусофирати онҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасии вазъи ҳуқуқи инсон, дарёфти роҳҳои мувофиқи кӯмакҳои ин созмон ба бахшҳои мухталиф, таҳияи санади ниҳоӣ аз натоиҷи ин сафар ва ироаи пешниҳодот ба манзури тавсиаи низоми демократӣ дар ин кишварҳо мебошад.

Оқои Милерсон афзуд, ҳайъат масоили мавриди назарро бо мақомот, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар миён гузошта ва аз хулосаҳои худ дар ин замина ба раҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид гузориш хоҳад дод.
Рейн Милерсон аз он ки Шӯрои уламои Тоҷикистон бо як фатво аз идомаи намозгузории занон дар масоҷид ҷилавгирӣ кардаст, изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт: "Бидуни шак ҷилавгирӣ аз ширкати занон дар масоҷид нақзи ҳуқуқи инсон аст, хоҳад буд. Зеро дар инҷо баробарии ҳуқуқи зан ва мард зери по гузошта шудааст."

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷашни бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Асосии кишвар гуфт, ба қавли ӯ тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, занҳо набояд ба масоҷид бираванд ва намози худро дар узлат яъне дар танҳоӣ бигузоранд. Мушовири минтақаии ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ҳамзамон бо таассуф аз мушкилоте ёдовар шуд, ки ба пиндори ӯ хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист. Вай гуфт, мақомоти кишварҳои ин минтақа дар иҷрои қавонин, аз ҷумла Қонуни Асосии худ мухолифат меварзанд. Ба эътиқоди ӯ, бартарият ва забардастии ҳокимияти иҷроия бар ду шохаи дигари ҳокимият - ҳокимияти додгоҳӣ ва қонунгузор, яъне парлумон мушкилоти умда ва монеаи аслӣ дар роҳи тавсиаи ҷараёни демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол оқои Милерсон, ки дар панҷ соли ахир бори дуввум ба Душанбе омадааст, аз тағйироти назаррас дар самти риояти ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ тайи ин муддат ситоиш кард. Вай гуфт, дар муқоиса бо панҷ соли қабл, ки дар пойтахт ва умуман дар кишвар низоми туфангсолорӣ ва нафарони соҳиб ба автомат бештар ҳоким буд, ҳоло вазъ комилан дигар шуда ва ҳукумат тавонистааст, дар ин самт ба тавфиқ даст ёбад.
Ҳайъати муштараки СММ рӯзи 15 ноябр бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дидору гуфтӯгу анҷом дода ва қарор аст, рӯзи 16 ноябр як чунин мулоқоти ин ҳайъат бо вакилони Маҷлиси Намояндагон сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG