Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани се тоҷик дар Русия


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Додгоҳи шаҳри Орехово-Зуевои вилояти Маскав, се шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи 340 кило ҳероин, даҳсолӣ ба зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Николай Прониякин, додраси додгоҳи шаҳр хабар дод. Вай гуфт, се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, Иброҳимов, Эргашев ва Ҳусейнов бо се банди Қонуни ҷиноии Русия, ҳар кадом даҳсолӣ ба зиндони низоми шадид маҳкум шуданд. Вай тавзеҳ кард, қочоқбарон тобистони соли гузашта бо як Камаз тарбуз боздошт шуда буданд.
Аммо додрас хабари рӯзномаи «Время новостей» чопи Маскавро дар мавриди ин ки ҳероин моли Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мебошад, рад кард. Вай гуфт, дар парвандаи ҷиноии марбута шахсе бо номи Ғаффор Мирзоев ёд намешавад. Ҳамзамон, рӯзномаи «Русский Курьер» дар бораи боздошти 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав, бо ҷурми ширкат дар як гурӯҳи қочоқбар хабар интишор кард. Рӯзнома ба нақл аз идораи минтақаии Хадамоти федералии назорати маводи мухаддир менависад, тоҷикон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ҷиноии ноҳияи Егорск, фаъолияти ҷиноии худро густариш дода, канали вижаи қочоқи маводи мухаддир ташкил додаанд.
Рӯзномаи ҳукуматӣ мавсум ба «Россия» низ ба нақл аз Хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Русия гузориш додааст, дар бозори қочоқи маводи мухаддир тоҷикон пас аз русҳо ҷойи дуввумро ишғол мекунанд. Аммо Владимир Зубрин мудири бахши бозрасии ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар Хадамоти федералии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия мегӯяд, онҳо омори аниқи тоҷикони қочоқбарро дар даст надоранд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG