Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмҳои бешифои вилояти Суғд


Намояндагони идораҳои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бар ин фикранд, ки воситаҳои ахбори умум дар ҷилавгирӣ аз тавсиаи бемории норасоии маснӯияти бадан, ё худ СПИД нақши муҳим доранд. Дар семинаре, ки ба мавзӯи "Ахлоқи рӯзноманигорӣ дар таҳияи паём оид ба нашъамандӣ ва СПИД" дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, муовини раиси маркази вилоятии ҷилавгирӣ аз бемории СПИД Иброҳим Мадалиев гуфт: "Ҳар қадар мардум бидонанд, ки роҳҳои сироятшавӣ ба СПИД кадом аст, ҳар қадар худро эҳтиёт мекунанд ва ҳамон қадар кам ба ин беморӣ гирифтор мешаванд."

Иброҳим Мадалиев мегӯяд, ки нашъамандӣ беморӣ аст, на ҷиноят ва мисли он на ҳамаи шахсони гирифтори СПИД бадахлоқ. Ба қавли Мадалиев, бояд саъй намуд, ки ақидаи мардум оид ба ин гуна шахсон тағйир ёбад. Ӯ мегӯяд, аз салому сӯҳбат бо шахси бемор то кунун касе ба бемории СПИД гирифтор нашудааст, зеро ин мараз танҳо бо се роҳ сироят мекунад: "Якумаш ин бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, дуввумаш бо хун ва саввумаш аз модари гирифтори беморӣ ба кӯдаки батнаш."

Аз 305 сокини Тоҷикистон, ки дар бадани онҳо ангезандаи бемории СПИД ёфт шудааст, 127 нафар сокинони вилояти Суғд ҳастанд. Иброҳим Мадалиев мегӯяд, аксари онҳо ҷавононанд: "То имрӯз 127 нафар гирифтори беморӣ ба қайд гирифта шудааст, 33 нафар занон, 94 нафар мардон ҳастанд ва ҳамаи онҳо аз 20 то 39 сол доранд." Инак чор сол аст, ки дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон думоҳаи тарғиботӣ барои ҷилавгирӣ аз тавсиаи бемории СПИД ва ангезандаи он ВИЧ баргузор мегардад. Ин маъракаҳо аз таърихи якуми октябр оғоз ёфта, дар рӯзи байналмилалии мубориза бо СПИД, якуми декабр хотима меёбанд.
XS
SM
MD
LG